Як таҳқиқи нави гурӯҳе аз табибону донишмандон нишон додааст, ки ҳарчанд издивоҷи хешутаборӣ дар Тоҷикистон камтар шуд, ҳанӯз ҳам ташвишовар ё нигаронкунанда мемонад. Муаллифони пажӯҳиш никоҳҳои хешутабориро яке аз омилҳои бемору маълул ба дунё омадани кӯдакон дар кишвар хонда, гуфтаанд, ки барои монеъ шудан ба ингуна издивоҷҳо бо пайомадҳои нохушоянд бояд чораҳои бештар андешид.
Аз фишори шарёнӣ то паканаи парандасар
Мақолаи илмии “Никоҳи хешутаборӣ яке аз омилҳои маъюбшавии кӯдакон дар Тоҷикистон” дар шумораи нави маҷаллаи “Авҷи Зуҳал” ба нашр расидааст. Муаллифи он Майрам Ёдгорова, мудири кафедраи тибби оилавии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва гурӯҳе аз ҳамкоронаш ҳастанд.
Ҳангоми таҳқиқи 109 кӯдак ва наврасони аз 1 то 18-солаи 24 оилае, ки падару модарашон хеш, масалан писару духтари амак ва ё тағову хола будаанд, маълум шудааст, ки аксарияти онҳо як навъ беморӣ доранд ё маъюб ҳастанд. Дар ин таҳқиқ омадааст: “Дар 61 нафар (56%) баланд шудани фишори шарёнӣ, дар 82 нафар (75.2%) холетсист-панкреатити музмин, махсусан дар нафарони ҷинси мард, дар 24 нафар (22.1%) реши меъда ва рӯдаи 12-ангуштӣ ва дар 29 нафар нуқсони дил... дида шуд.”
Дар миёни онҳо ду нафар бо синдроми бисёр нодири Секкел ба дунё омадаанд, ки табибон онро ба ибораи дигар “паканаи парандасар” меноманд, чун қиёфаи тифл ба паранда шабеҳ аст ва аз назари ақлонӣ ҳам кам рушд мекунад. Ба гуфтаи муаллифон, онҳо таърихи бемории ҳамаи ин кӯдаконро бо тамоми ҷузъиёташ баррасӣ карда, дарёфтаанд, ки косахонаву майнаи бисёре аз онҳо ҳангоми таваллуд осеб дидаанд ва масалан 98 нафари онҳо бо синдроми гипертензияи дохили косахонаи сар ба дунё омадаанд.
Илова бар ин, ба гуфтаи табибони тоҷик, қариб нисфе аз ин бачаҳо ё 48 нафар бо “ихтилоли спектри аустистӣ бо ақибмонии инкишофи асабӣ-рӯҳӣ ва нутқ“ таваллуд шудаанд. Тақрибан 80 дар сади фарзандони ин оилаҳои ҳамхун аз назари ҷисмонӣ ҳам суст инкишоф ёфтаанд, ки онро табибон таваққуфи инкишофи ҷисмонӣ номидаанд. Волидони ҳамаи ин бачаҳои 24 оила, хешованди бисёр наздик, аз ҷумла писархола ва духтархола, писарамак ва духтарамак будаанд.
Навор дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон издивоҷи хешутаборӣ кам нашудааст
Афзоиши никоҳҳои хешутаборӣ ва айни замон таваллуди кӯдакони маълул ва ё бемор дар Тоҷикистон соли 2016 ҳукуматро маҷбур кард, ки бо қабули як қонун издивоҷ байни хешовандони наздикро манъ кунад, вале ҳанӯз ҳам ин зуҳурот вуҷуд дорад. Бар асоси иттилои Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ дар панҷ соли гузашта 4 ҳазор нафар бо фарзандони дорои нуқси модарзодӣ ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кардаанд, ки тақрибан 900 нафари онҳо аз волидони ба ҳам хеш ба дунё омадаанд.
Ба навиштаи муаллифони мақола, омори воқеӣ метавонад, такондиҳанда бошад, чун “фоизи ниҳоят ками аҳолӣ ба табибон муроҷиат мекунанд”. Дар мақола ҳамчунин омадааст, мутахассисон ба хулосае омадаанд, ки 75 дар сади кӯдакони дорои нуқсони модарзодӣ маҳз бо сабаби никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд ва дар оилаҳои хешутабор танҳо 25 дар сади кӯдакон “нисбатан солим мебошанд”.
Чаро никоҳи хештаборӣ кам намешавад?
Бо вуҷуди собит шудани оқибатҳои манфии издивоҷҳои афроди ҳамхун ва ё бахусус хешовандони наздик ва монеъ шудан ба ин гуна издивоҷҳо хостгории духтари холаву аммаву тағо дар Тоҷикистон кам нашудааст. Таҳқиқоти ҷомеашиносон нишон додааст, ки омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва боварҳои қадима сабаби ҳамчунон ба суроғи хешу табор рафтани бахусус волидони ҷавонон мешавад.
Бекории фарогир, сахтиҳои рӯзгор ва муҳоҷирати кории ҷавонон ва издивоҷи онҳо дар кишвари мизбон сабаб мешавад, оилаҳои хешованди тоҷик бо маслиҳат фарзандони худро ба ақди никоҳ бо ҳамдигар маҷбур кунанд. Сабаби дигар ҳам, ба гуфтаи ҷомеашиносон, “арзонтар афтодани маросими ҷашни арӯсӣ ва зиёд талаб накардани ҷиҳозу қалин” аст, ки хешовандони камбизоатро маҷбур мекунад, аз ҳисоби писару духтари хола оила бисозанд.
Беҳру Насурова, ҷомеашиноси тоҷик дар як мақолае таҳти унвони “Масъалаи никоҳи хешутаборӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон” сабабҳои ҷой доштани никоҳи хешутабориро чунин баршумурдааст: “ҳифзи моликият дар доираи хешу табор ва авлод, бегона накардани духтари зебо ё писари кордон, анъанаи авлод ва ё маҳал, нигоҳ доштани мақоми иҷтимоӣ ва ё вайрон накардани хун ё генҳо, махсусан дар байни онҳое, ки худро эшонзода ё авлоди махсус медонанд.”
Бо вуҷуди ташвиқоту тарғиботи зиёд дар бораи зиёни издивоҷҳои хешутаборӣ аз тарафи мақомот дар Тоҷикистон зоҳиран ин раванд тағйири зиёде накардааст. Ба унвони мисол, як назарсанҷӣ дар миёни муаллимону шогирдони онҳо дар мактабҳои Ёвон нишон додааст, ки бештар аз 18 дар сади онҳо аз ҷумла никоҳ бо хешовандони наздикро як омили пойдор мондани оила донистаанд. Ин назар дар байни 25 дар сади падару модарони онҳо вуҷуд доштааст. Назару ақидае, ки мақомоти Тоҷикистон тақрибан 10 сол аст, саъй доранд, камтару камтар шавад.