Камолиддин Тешебоев зиёда аз 12 сол пеш бо ҳамсару се писар, се келин ва 16 набера дар шаҳраки Қизил-Кия дар ҷануби ғарби Қирғизистон зиндагии осуда ва миёнаҳолонае дошт.
Аммо рӯзгори ин хонаводаи суннатии қирғиз замоне аз ҳам пошид, ки яке аз писаронаш, ки дар Русия муҳоҷири корӣ буд, соли 2014 ҳамроҳи оилааш дар Сурия ба гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пайваст. Гурӯҳе, ки дар он солҳо дар ҳоли тақвияти ҷойгоҳи худ дар минтақа буд. Дере нагузашта ду писари дигараш низ ҳамин роҳро пеш гирифтанд.
Тешебоеви 70-сола мегӯяд, ҳар се писар ва се наберааш дар Сурия кушта шуданд.
Пас аз он ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" минтақаҳои зери нуфузашро дар Ироқ ва Сурия аз даст дод, даҳҳо ҳазор аз ҷангҷӯёни хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо ё боздошт ва ё дар урдугоҳҳо ҷобаҷо шуданд.
Бисёре аз занони хориҷӣ, ки барои зиндагӣ дар зери ҳокимияти ДОИШ ба Ироқ сафар карда буданд, аз ҷумла ҳамсарони ҷангҷӯёни ин гурӯҳ, бар асоси қонунҳои зиддитерроризми ин кишвар маҳкум шуданд.
Ҳукумати Қирғизистон дар гузашта 79 кӯдакро аз Ироқ баргардондааст
Келинҳои Тешебоев ҳам пас аз поёни хилофати худхондаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба зиндон андохта шуданд. Ин сокини Қирғизистон мегӯяд, ҳамсараш ба Ироқ рафт, то онҳоро "пас биёрад", аммо худаш ҳам дар он кишвар зиндонӣ шуд.
Тафсилоти парвандаи ӯро мустақилона тасдиқ кардан имкон надорад, аммо хонаводааш мегӯянд, ӯ низ бо айбномаҳои вобаста ба терроризм дар боздошт ба сар мебарад.
Камолиддин Тешебоев гуфт, "ҳоло танҳо ҳастам, аммо аз президент ва ҳукумат, ки набераҳоямро бозгардонданд, сипосгузорам. Онҳо ҳоло калон шудаанд ва ду нафарашон чанде пеш издивоҷ кардаанд".
Сездаҳ набераи зиндамондаи ӯ дар қатори 79 тан аз фарзандони ҷангҷӯёни қирғизи гурӯҳи ДОИШ буданд, ки Бишкек онҳоро соли 2021 дар чаҳорчӯби як маъракаи башардӯстона аз Ироқ ба Қирғизистон баргардонд.
Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи бозгардонидани баъзе шаҳрвандони худ, пеш аз ҳама занон ва кӯдакон, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллии Сурияву Ироқ ва созмонҳои байналмилалӣ, чунин маъракаҳоро созмондиҳӣ карданд.
Инро ҳам бинед:
Дар ҷустуҷӯи Ситораи гумшуда. ВИДЕОУМЕДҲОИ НАВ БАРОИ БОЗГАШТ БА ВАТАН
Тешебоев рӯзи 14-уми сентябр ба даҳҳо нафаре пайваст, ки дар назди дафтари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҷамъ омада буданд. Онҳое, ки хоҳони бозгардонидани аъзои зиндонии хонаводаҳояшон аз Ироқ ҳастанд.
Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир 41 шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебаранд ва бештари онҳо ҳамсарон ё наздикони ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳастанд.
Ба наздикони афроде, ки муддати тӯлонӣ барои бозгардонидани оилаҳояшон талош мекарданд, акнун умеди тозае пайдо шудааст. Вазорати адлияи Ироқ моҳи август эълон кард, ки дар ҳоли баррасии интиқоли наздик ба 6 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба кишварҳои аслиашон аст, ки ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи ДОИШ дар боздошт қарор доранд.
Тешебоев мугӯяд, ки ҳамсар ва келинҳояш аз Ироқ бо ӯ дар тамос шуда, гуфтаанд, ки бисёр мехоҳанд ба ватан бозгарданд ва ҷазои худро дар Қирғизистон сипарӣ кунанд.
То лаҳзаи нашри ин матлаб, мақомоти Қирғизистон ба дархости ин хонаводаҳо вокуниш нишон надода буданд.
"ДАРДИ ЗИЁДЕ ДОРАМ"
Яке аз касоне, ки дархости кумак кардааст, Раҳима Ниёзова мебошад, ки духтари 41-солааш Зебо Алиева беш аз ҳашт сол аст дар зиндони "Ар-Русофа"-и Ироқ қарор дорад.
Ба гуфтаи модараш, Зебо Алиева дар соли 2015 дар Туркия кор мекард ва ҳамсараш, ки аъзои ДОИШ буд, ӯро водор сохт ҳамроҳи вай ба Ироқ равад.
Раҳима Ниёзова сарпарастии чаҳор фарзанди духтарашро ба ӯҳда дорад. Ин кӯдакон соли 2021 аз тарафи ҳукумати Қирғизистон ба кишвар бозгардонида шуданд.
"Ман дарди зиёде дорам. Тасаввур кунед, фарзанди як модар дар зиндон аст. Ман ба диабет ва бемории дил гирифтор шудам", -- гуфт ӯ.
Ниёзова афзуд, ҳангоми зиндонӣ шудани духтараш, хурдтарин фарзанди ӯ ҳамагӣ ҳаштмоҳа буд. Ҳоло он кӯдак нӯҳсола шудааст.