Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, ба Масъуд Пизишкиён санаде супурд, ки президенти Ҷумҳурии Исломӣ интихоб шуданашро ба таври расмӣ таъйид мекунад.
Маросим рӯзи 28-уми июл дар масҷиди Хумайнӣ дар Теҳрон гузашт.
Масъуд Пизишкиён, намояндаи ислоҳталабон, дар аввали моҳи июл дар даври дувуми интихоботи президентии Эрон ба рақибаш, номзади муҳофизакор Саид Ҷалилӣ, пирӯз шуд.
Интихоботи пеш аз муҳлат дар Эрон пас аз марги Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, баргузор шуд.
Раисӣ ва чанд ҳамроҳаш дар моҳи майи соли 2024 ҳангоми афтодани чархбол ҷон бохтанд.
Масъуд Пизишкиён, президенти нави Эрон, рӯзи 30-юми июл савганд ёд хоҳад кард.