Алӣ Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба эътирозҳо дар ин кишвар гуфт, "бо ошӯбгарон бояд сахт бархӯрд шавад".
Хоманаӣ 3-юми январ дар дидор бо хонаводаи Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудс эътирозро "ҳаққи мардум" донист, аммо болоравии қурби доллар дар баробари асъори милли Эронро кори "душманон" хонд.
"Мо бо эътирозгарон гап мезанем ва масъулин бояд бо эътирозгарон ҳарф зананд. Аммо бо ошӯбгарон ҳарф задан фоида надорад ва бояд ӯро ба ҷойи худаш нишонд", - таҳдид кард Хоманаӣ.
Эътирозҳо дар чанд шаҳри Эрон рӯзи ҳафтум аст, ки идома доранд. Ин норозигиҳо 31-уми декабр ба сабаби поин рафтани бесобиқаи арзиши пули миллӣ ва таварруми афзоянда оғоз шуданд.
Расонаҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз саркӯби эътирозгарон ва кушта шудани чанд нафари онҳо гузориш доданд.