Вале то ҳол на шоҳидони ҳодиса ва на додситонии кулли Тоҷикистон ҷараёни тафтиш ва ҷузъиёти фоҷеаро шарҳ намедиҳанд. Танҳо ягона хоҳари Меҳрона – Солеҳамо Нозимова, ки акнун масъулияти нигҳубини писари дувунимсолаи хоҳарашро ба ӯҳда дорад, аз «талоши пӯшондани ин ҳодиса» ва ҳам ин ки «ба додаш намерасанд», шикоят мекунад.
Солеҳамо Нозимова ҳоло Имрон – писари бемори Меҳрона Ноибоваро нигоҳубин мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, худи Меҳронаро, ки аз хурдсолӣ аз падар маҳрум ва аз модар ҷудо буд, ӯ ба воя расондааст. Ба нақли ӯ, хоҳараш шабона дар як тарабхонаи Душанбе чун раққоса кор мекард ва талоши табобати писарашро дошт. Вай ду бор шавҳар кардаву ҷудо шудааст. Ба иддаои Солеҳамоҳ, вақтҳои ахир, Меҳрона бо додситон Фирӯз Саидзода робита дошт ва ба истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и Дарвоз ҳам бо даъвати ӯ ва ҳамроҳ бо чанд духтари дигар рафта буд.
Ҳодисаҳои рӯзи 4 апрелро Солеҳамоҳ чунин нақл кард: “Аз хона берун мебаромад. Гуфт: “Апа, ин амонати ту аст, кӯдакамро ба касе намон”. Ӯ афзуд, дар аввал бо хоҳараш телефонӣ дар тамос буд. “Дар раҳ баромада, занг зад, гуфт, «апа, ман Дарвоз меравам, мешинам, гашта меоям». Бачааш бемор буд, гуфтам «нарав». Гуфт, «апа, бо фалон одамам, рафта меоям». Соат 11:30 буд, боз гап задем, «гуфт, апа, 300 сомонӣ фиристодам, барои бача шир бигир». Гуфт, «ман соати 1 ё 2 ба роҳ мебароям, меоям». Бо ҳамин дигар то рӯзи якшанбе занг задам, ҷавоб надод.”
Рӯзи дигар 5-уми апрел аз додситонии Дарвоз ба наздиконаш хабар доданд, ки гӯё Меҳронаи 23-сола худро ба дарё партофтаву нопадид шудааст. 7-уми апрел хабар расид, ки пайкари ӯ пайдо шудааст. Бо гузашти наздики як моҳ аз марги мармузи Меҳрона, мақомот ҳодисаро шарҳ надодаанд. Ба гуфтаи як манбаи Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ, Додситонии кул ҳодисаро ҳамчун худкушӣ таҳқиқ дорад. Наздикони Меҳрона мегӯянд, ба таҳқиқи одилонаи ҳодиса шубҳа доранд ва асли воқеа пинҳон дошта шудааст. Солеҳамо мегӯяд, ба худкушии хоҳараш бовар надорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хоҳари Меҳрона: "Вай наметавонист худро ба дарё андозад"
«Ягон кас ба додам намерасад. Тамоми ҷо медароям, бо дигар роҳ мебароранд маро. Дар он ҷо коргарони давлат бисёр будааст. Вале номашона намегиранд, маро бо парванда шинос намекунанд, сабтро ҳам нишон намедиҳанд.”
Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, талоши ӯ барои мулоқот бо муфаттишон Фирӯз Саидзода ва Давлат Арабзода ва шахсони дигаре, ки дар Дарвоз бо Меҳрона буданд, бенатиҷа аст. Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ, ин ду муфаттиши Додситонии кулл, дар парванда ҳамчун шоҳид сабт ва муваққатан аз масъулияташон дур карда шудаанд. Назари онҳо дар ин робита дастрас нест. Чӣ тавр шинос шудани Меҳрона бо додситонҳо ҳам маълум нест.
Ба нақли наздикон, чанд сол пеш дар пайи шикояти як дугонааш дар баҳсе сари телефон Меҳрона бо қарори додгоҳ чор моҳро дар зиндони Норак сипарӣ кард. Эҳтимол меравад, дар ин қазия бо муфаттишон шинос шуда бошад. Ҳоло, ба иддаои хоҳараш, мақомот талош доранд худи Меҳронаро гунаҳкор ва қазияро бо ҳамин пӯшонанд.
“Мегӯянд, «куҷое шикоят мекунӣ, кун, хоҳарат шабгард аст, наркоман аст, касалиҳои руҳӣ дорад». Хоҳари ман ба як кас кор надошт. Кораш шабона буд, аммо зарарашро ба ягон ҳамсоя расондагӣ нест. Вай шаб кор мекарду омада кӯдакро нигоҳ мекард, ман рӯз кор мекардам. Дар бозори «Корвон» ҳам савдо мекард,” – мегӯяд Солеҳамо.
Ҳоло ин зан дар ба дари мақомот гаштаву талош дорад, қазияи марги хоҳараш аз рӯйи адолат таҳқиқ ва гунаҳкорони марги Меҳрона муҷозот шаванд. Вай мегӯяд, бо тарафи пурқуввате рӯбарӯ аст, аммо тамоми талошро мекунад, ки ҳақиқат рӯйи об барояд. Вай умедвор аст, ки ҳамаи ҷузъиёт дар мурофиаи додгоҳ рӯшан хоҳад шуд.