Барномаи ғизои Созмони Милал гуфт, ки ба миллионҳо ниёзманди хӯрок дар Афғонистон ёрӣ расонда наметавонад. Дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон эҳтимоли афзоиши маргумир, бахусус дар миёни кӯдакон ва он ҳам бо сабаби камбуди маводи озуқа бештар мешавад.
Баъди соли 2021 ва ба қудрат баргаштани “Толибон”, ёриҳои байналмилалӣ ба Афғонистон хеле кам шуд ва илова ба ин офатҳои зиёди табиие ба мисли зилзила зиндагии бе ин ҳам риққатбори мардуми одиро сангинтар кард.
Солеҳа, як зани афғонистонӣ, гуфт: "Зимистон давраи сахт аст. Мо имкони харидани хӯрокро надорем. Ҳар пуле шавҳарам ба даст меорад, барои харидани ғизо сарф мешавад. Мо наметавонем хонаро гарм кунем. Агар касе хайр кард, танҳо он вақт оташдони мо рӯшан мешавад. Мо ҳатто як плита харида наметавонем."
Ба ҳисобҳои Барномаи ғизои СММ, дар миёни 17 миллион мардуми Афғонистон, ки бо гуруснагӣ дучор ҳастанд, се миллион нафар аз муҳоҷирони рондашуда аз Покистону Эрон мебошанд.
Ҷон Айлиефф, раиси Барномаи ғизои СММ дар Афғонистон, мегӯяд, “афзоиши якбораи камбуди ғизо ҳаёти миллионҳо кӯдакро дар хатар мегузорад. Мо шоҳиди коҳиши фоҷеабори кумакҳои ғизоӣ мешавем ва бенавотарин афғонистониҳо намедонанд ин зимистонро чӣ гуна пуштисар хоҳанд кард. Бозгашти маҷбурӣ аз кишварҳои ҳамсоя, хушксолӣ ва коҳиши фоҷеабори ёриҳои ғизоӣ дар саросари кишвар як бӯҳрони харобиовари гуруснагиро барои 17 миллион аҳолӣ ба вуҷуд овардааст”.
Барномаи ғизои СММ мегӯяд, “аввалин бор дар даҳсолаҳои охир наметавонад маъракаи ёрӣ дар мавсими зимистонро ба роҳ монад”. Ин созмон мегӯяд, барои ёрӣ ба мардум на камтар аз ним миллиард доллар зарур аст.