Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, суръати интернет беҳтар шудааст

Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми се моҳи аввали соли равон нархи интернет дар кишвар поён рафтааст. Ин ниҳод 21-уми апрел дар хабарномае навишт, "арзиши тарофаҳои провайдерони интернети собит ба ҳисоби миёна, то 55 фоиз, поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 5Мбит/с, бекор гардиданд".

Инчунин ба гуфтаи намояндагони Хадамот, "ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад".

Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо феълан мушкил аст. Чун соли гузашта ширкатҳои мобилӣ бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи тарофаҳои худро боло бурданд.

Дар иттилоияи ахири Хадамоти алоқа ҳамчунин омадааст, дар се моҳи аввали соли равон дар кишвар 330 адад истгоҳҳои базавӣ насб кардаанд. Ба иттилои расмӣ, ширкатҳои мухобиротии кишвар дар се моҳ 1,1 миллиард сомонӣ даромад гирифтаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта андаке бештар аст.

Шикоятҳо аз паст будани сифати алоқа ва интернет дар кишвар солҳост, ки садо медиҳад. Ин гуна шикоятҳо тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд.

Намояндагони Хадамоти алоқа мегӯянд, дар се моҳи аввали соли равон 18 нафар шахсони воқеиро ҷазо додаанд. Аммо мақомот дар бораи ин афрод ва ҷазои онҳо маълумоти бештар надодаанд.

Пештар Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дода буд, ки дар асоси шикояти мардум Хадамоти ширкат ширкатҳои "Тселл", "Мегафон" ва "Тоҷнет"-ро ҷарима карда буд.