Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ному навораш қариб ҳар рӯз ҳангоми боз кардани роҳу корхона, мактабу кӯдакистон, шинондани дарахту тамошои боғ, маҷлиси ҳукумат ё имзои қонуну амру фармон нашру пахш мешуд, қариб ду ҳафта боз дар мазҳари ом дида нашудааст.
Акси охирине, ки сомонаи раисҷумҳур аз ӯ гузошт, аз 28-уми январи соли 2026 аст ва аз машварати корӣ бо роҳбарони ниҳодҳои интизомӣ.
Ин акс 28-уми январи 2026 дар вебсайти раисҷумҳури Тоҷикистон нашр шудааст
Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар бораи дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани Эмомалӣ Раҳмон шарҳе намедиҳад. Баъзе аз намояндагони мухолифон тахмин задаанд, ки эҳтимол ӯ бемор ва зери муроқибати пизишкон аст.
Нашри як акси Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз 6-уми феврал, ки раҳбарони се вилоят дар назди ӯ рост истодаанд, ба ин баҳсҳо равған рехт. Ҳамчунин, нашри пандҳои ӯ (Номи падару модарро фарзанд ҷовидон мекунад, агар тарбия карда бошем) дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук рӯзи 9-уми феврал гумонзаниҳоро бобати президенти Тоҷикистон бештар кард.
Рустами Эмомалӣ ва раисони се вилоят. Раҳбарони Суғду Бадахшон муовинонаш дар Маҷлиси Миллӣ ҳастанд
Хабаргузории “Pamir Inside” рӯзи 9-уми феврал бо такя ба се манбааш нигошт, ки “Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи табобат охири моҳи январ аз кишвар рафтааст.” Манбаъҳои расона иддао кардаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳолати “казарма” ҳастанд ва эҳтимол ин вазъият то 12-уми феврал идома кунад.
Тасдиқи расмии ин хабар дар даст нест.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ ва наздик ба ҳукумати Тоҷикистон рӯзи даҳуми феврал бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “Эмомалӣ Раҳмон дар рухсатӣ аст.” Вай афзуд, раисҷумҳури Тоҷикистон “барои табобат ба ҷазираи Ҳайнани Чин рафтааст.”
Манбаи дувуми Радиои Озодӣ гуфт, президент рӯзи 8-уми феврал ба Чин парвоз кард.
Ҳамагӣ як моҳ пеш Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, дар мусоҳибааш дар мавриди сиҳатии раҳбарони баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон гуфта буд, “Эмомалӣ Раҳмон шикоят надорад.”
Бори аввал нест, ки Эмомалӣ Раҳмон “камнамо” мешавад. Соли 2020 мухолифон иддао карда буданд, ки ӯ бемор шуда, эҳтимол барои табобат дар Олмон аст. Дертар мақомот онро рад карданд. Ҳамчунин, соли 2022, пас аз авҷи даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ду ҳафта дар мазҳари ом дида нашуда буд.
Дар соли 2017 низ баъзе сарусадо дар бораи вазъи саломати ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Чанд расонаи наздик ба ҳукумат кампайдо будани президентро дар экранҳои телевизион ба корҳои зиёди давлатиаш рабт доданд.
Эмомалӣ Раҳмон 74-сола аст. Ӯ аз соли 1994 раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Ду сол пеш аз он раиси Шӯрои олӣ ва амалан раҳбари кишвар буд. Чанд дафъа бо дигар кардани Қонуни асосӣ тавонистааст, ҳузури худро дар интихобот таъмин ва умри ҳукуматашро дароз кунад.
Дар солҳои раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мухолифон ва рақибони ӯ аз кишвар берун рафта, ё ба кунҷи зиндон андохта шудаанд. Президенти ҳозира таҷассумгари асосии ҳамаи дастовардҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад. Аксар фарзандон ва домоду пайвандони дигари ӯ дар мансабҳои давлатӣ фаъолият доранд ва ё ширкатҳои муҳими тиҷоратиро раҳбарӣ мекунанд.