Ҷузъиёти қонуни афв. Кӣ озод ва ҳабси кӣ кам хоҳад шуд?

Бар асоси қонуни нави афв ҳазорҳо нафар аз зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон, ки аз сӯйи созмонҳои байнулмилалӣ "танг ва бо шароити нохуб" тасвир шудаанд, озод ва муҳлати ҳабси теъдоди дигаре кам хоҳад шуд. Қонунро рӯзи 16-уми июн қабул карданд. Радиои Озодӣ матни пурраи онро дид.

Шартҳои раҳоӣ

Тибқи қонуни афв, шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят кардаанд ё бори аввал даст ба ҷиноятҳои начандон вазнин зада, то панҷ сол зиндонӣ гаштаанд, "аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд".

Муҳлати боқимондаи ҳабси онҳое, ки барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, аз се як ҳисса ва ҷиноятҳои махсусан вазнин аз чор як ҳисса кам карда мешавад. Санади афв онҳоеро, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба миқдори кам паси панҷара рафтаанд, низ фаро хоҳад гирифт.

Дар қонуни афв омадааст, шахсоне, ки бо гуноҳи "маблағгузории терроризм" (моддаи 179, иловаи 2-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам шудаанд, шомили афв мешаванд, агар ба шарте ки маблағгузорӣ то як ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан сад доллари Амрико, бошад.

Ҳамчунин, муҳлати ҳабси касоне, ки бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, узвият дар созмонҳои мамнуъ ва таълими ғайриқонунии дин аз озодӣ маҳрум шудаанд, се сол кам мегардад. Шарт ин аст, ки агар дар парвандаи чунин маҳкумшудаҳо моддаҳои дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла куштору зархаридӣ ва ширкат дар ҷанги кишварҳои дигар набошад.

Шахсони 70-сола низ аз зиндон озод мешаванд, агар барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҳабс нашуда бошанд. Пиронсолоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳое мисли одамкушӣ, ифротгароӣ, зархаридӣ ва ширкат дар ҷанги дигар кишварҳо гунаҳкор шудаанд, муҳлати ҷазояшон аз 1 то 3 сол кам карда мешавад.

Таваҷҷуҳ ба занону наврасон

Ҳабибулло Воҳидзода, 16 июни 2026

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 16-уми июн дар назди вакилони мардумӣ гуфт, қонуни афв занону ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин ва хориҷиёнро аз адои ҷазо озод мекунад.

Дар ин замина маҳдудиятҳое низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, занону ноболиғон ва пиронсолоне, ки дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гунаҳкор шудаанд, аз зиндон озод намешаванд, балки аз муҳлати боқимондаи зиндонашон се сол кам мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон 507 зан нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин теъдод 248 нафар пурра озод ва муҳлати ҳабси боқимонда сесолӣ кам мегардад. Аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо мекунанд, 99 нафар ба озодӣ мебароянд.

Оё фаъолону рӯзноманигорон озод мешаванд?

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, татбиқи афв нисбат ба ҳар маҳкумшуда дар алоҳидагӣ ва бо назардошти парвандаи ҳамон шахс татбиқ мешавад.

Дар акс: Рухшона Ҳакимова, Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшо Комилзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулфайз Атоӣ

Ҳоло маълум нест, ки қонун нисбат ба мухолифону фаъолони зиндонии ҳукумат низ иҷро хоҳад шуд ё не, аммо дар гузашта бар асоси қонуни афв муҳлати зиндони теъдоди ангуштшумори онҳо кам шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон ва наздикони рӯзноманигорони зиндонӣ ва чеҳраҳои шинохта, ки дар доираи парвандаи "табаддулот" аз озодӣ маҳрум шудаанд, то ҳол нагуфтаанд, ки онҳо шомили қонуни афв мешаванд ё не.

Соли 2024 дар Тоҷикистон гурӯҳи калоне аз мансабдорону сиёсатмадорон, аз ҷумла муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ба муҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ гуфт, онҳо барои хиёнат ба давлат ва таҳияи нақшаи ғасби қудрат ҷазо гирифтанд, вале худи онҳо ва наздиконашон ҳама гуна хилофкориро рад намуданд.

Ҷиноятҳое, ки ин афрод дар содир карданаш гунаҳкор шудаанд, аз ҷумла узвият дар созмонҳои мамнуъ ва қасди табаддулот ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин шомил мешаванд. Қонуни афв озодии ин гуна маҳбусонро пешбинӣ накарда, эҳтимол муҳлати ҳабсашонро кам мекунад. Аз ҷумла, интизор меравад, муҳлати ҳабси рӯзноманигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимова ҳамчун зан то се сол кам шавад. Вай иттиҳоми мақомотро эътироф накарда, худро бегуноҳ номидааст.

Давоми чор соли охир беш аз даҳ хабарнигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch ин вазъро ташвишовар дониста, хостори бозбинии парвандаҳо ва озодии рӯзноманигорон шудаанд.

Дар Тоҷикистон бори охир моҳи марти соли 2025 афви тақрибан нуҳсад зиндонӣ эълон шуд. Аз он пеш, моҳи сентябри соли 2021 ва ба ифтихори 30-солагии истиқлол, ёздаҳуним ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.

Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.

Дар умум қонуни афв зиёда аз 18 ҳазор касро фаро мегирад: 4 ҳазору 263 кас аз зиндонҳо, 3 ҳазору 50 нафар аз муассисаҳои сукунатӣ, 3 ҳазору 258 кас аз идораҳои нозироти корҳои ислоҳӣ озод шуда, ҷарима нисбат ба 734 кас бекор мешавад. Ҳамчунин муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 маҳкумшуда кам мешавад.