Маъмурони наҷот дар Венесуэла садҳо шахси бенишоншударо дар зери вайронаҳо ҷустуҷӯ мекунанд. Рӯзи 25-уми июн замин дар атрофи Каракас, пойтахти Венесуэла, ларзид ва маконҳои зиёдеро хароб кард.
Хадамоти заминшиносии Амрико гуфт, шояд ҳазорҳо нафар дар ин ҳодиса ҷон бохта бошанд. Вазорати беҳдошти Венесуэла хабар дод, ки то кунун ҷасад ё пайкари беш аз дусад нафарро пайдо карданд.
Пештар мақомоти ин кишвар эълон карда буданд, ки 250 бино зиён дида ё пурра хароб шудааст ва садҳо нафар зери вайронаҳо мондаанд.
Венесуэла иқтисоди заиф дорад ва ниҳодҳои ин кишвар тавони кумаки фаврӣ ба зиёндидагонро надоранд. Пасларзаҳо низ кори наҷотдиҳандагонро сахттар кардааст.
Як сокини Венесуэла, ки аз зери харобаҳо солим берун овардаанд, гуфт: "Чор соат зери вайрона будам. Намедонам кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ё идораи дигар наҷотам доданд. Онҳо дастгоҳи зиёд надоштанд. Онҳо натавонистанд бо таҷҳизот бетонҳоро шикананд, ҳамаро бо даст карданд. Ман ҳам талош кардам, ки роҳ боз кунам. Дар хонаам ҷиҳози зиёд доштам, ки онҳо маро аз девори чаппашуда муҳофизат карданд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Чор соат зери вайрона будам, базӯр наҷот доданд"
Делси Родригес, раисҷумҳури муваққати Венесуэла, ба Ла-Гуаяра рафт, ки бештар зиён дидааст: "Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хостем. Нахустин наҷотдиҳандагон аз ҷумҳурии Доминикин ҳоло мерасанд ва кумакҳои кишварҳои дигар дар роҳ аст. Беҳтарин орзуву дуои мо ин аст, ки мардону занони Венесуэла саломат бошанд.”
Эл Салвадор ва Мексика рӯзи 25-уми июн гурӯҳи наҷотдиҳандагонро ба Венесуэла фиристоданд. Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоро нисбат ба Венесуэла сабук кард ва интиқоли пулу молу маҳсулотро дар ҳолатҳои изтирорӣ ба ин кишвар, ки то кунун мамнуъ буд, иҷозат дод.