Ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш идома дорад

Рақами мошини хидматии Алишер Мирзонабот

Ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш Орифа, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев идома доштааст.

Як намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 19-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло кофтукоб давом дорад. 30 наҷотдиҳанда дар дарёи Панҷ, дар ҳудуди ноҳияи Шамсуддин Шоҳин, кофта истодаанд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷасади Алишер Мирзонаботро то ҳол наёфтаанд

Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтодааст. Ӯ ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон гуё аз масъулони ноҳияҳои ҳаммарзи Афғонистон барои ёфтани ҷасадҳо ёрӣ хостаанд. Баъди нашри ин хабар, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, барои ҷустуҷӯи ҷасадҳо аз тарафи Афғонистон кумак талаб накардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Наметавон баҳои яксон дод." Нигоҳҳо ба корномаи Алишер МирзонаботҲалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар ДарвозВКД: "Раиси ВМКБ ва ҳамсару як фарзандаш ба дарё афтодаанд"Манбаъ: Мошини Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ба дарёи Панҷ афтодааст