Ҷумъахон Фотеҳ бо ҳамроҳонаш ба Толибон "таслим шудааст"

Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии "Толибон" ва волии пешини Зобул дар Афғонистон

Ба гузориши бахши дарии Радиои Озодӣ, Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии "Толибон" ва ҳамроҳони ӯ, аз даргирӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, даст кашида, силоҳҳои худро супурдаанд.

Расонаҳои вобаста аз "Толибон" рӯзи 16-уми август бо нашри чанд навор иддао карданд, ки Ҷумъахон Фотеҳ таслим шудааст.

Ҷумъахон Фотеҳ ва афроди мусаллаҳи зери итоати ӯ чанд рӯз пеш дар ноҳияи Нусай дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва минтақаҳои канори он, дар баробари нерӯҳои "Толибон" даст ба эътироз заданд.

Бар асоси гузоришҳо, "Толибон" барои боздошти ӯ шумори зиёде аз нерӯҳои худро аз Кобул ва гӯшаҳои дигар ба Бадахшон фиристода буданд.

Ҷумъахон Фотеҳ қаблан дар як паёми аудиоӣ ё савтӣ шикоят кард, ки нерӯҳои "Толибон" дар Нусай хонаҳои мардуми одиро кофтукоб карда, ба қавли ӯ, "чанд фарди бегуноҳро куштанд".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Аз тири силоҳбадастон." Вокуниши расмӣ ба кушта шудани як зан дар Дарвоз

Дар канори даргириҳои дохилӣ дар Бадахшон, гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи "Толибон", аз ҷумла "Ҷабҳаи Озодии Афғонистон", низ гуфтаанд, ки чанд рӯз боз дар Зебок бо нерӯҳои "Толибон" даргир ҳастанд.

Инҳоро ҳам бихонед:

Таассуфи "амиқ"-и Толибон аз ҳалокати сокини Дарвоз: "Кори фурсатталабон аст". Латифи Пидром: Манзур аз тағйир ин нест, ки "Калашников" бигирандМанобеъ: "Сарҳадбонони тоҷик ба ҳолати омодабош оварда шудаанд""Аз тири силоҳбадастон." Вокуниши расмӣ ба кушта шудани як зан дар ДарвозҲалокати як зан дар Дарвоз "аз тире, ки аз сӯйи Афғонистон расид"Шаҳрдори Файзободи Бадахшон дар як ҳамла кушта шуд“Толибон” ба амалиёти зидди мухолифони мусаллаҳ омода мешавадДаргириҳо дар Зебоки Бадахшон. "Ҷабҳаи озодӣ" мегӯяд, ба Толибон ҳамла кардааст