Ҷуфтҳои даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2026 муайян шуданд

Аз рӯйи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи фуболи Тоҷикистон)-2026, ки бо иштироки ҳашт даста рӯзҳои 10-15-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ҷуфтҳои иштироккунандаи даври ниманиҳоии мусобиқа маълум гаштанд.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд: гурӯҳи «А» - «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳулбук» (Восеъ), «Рангон» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан); гурӯҳи «Б» - «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҳосилот» (Фархор), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Сардор» (Турсунзода).

Бозиҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе ва варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии гурӯҳи “А”

ҶДастаҳоБҒМБТӯбҳоИ
1“Барқчӣ”330016-09
2“Ҳулбук”32013-16
3“Истаравшан”31023-43
4“Рангон”30030-170

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии гурӯҳи “Б”

ҶДастаҳоБҒМБТӯбҳоИ
1“Панҷшер”32014-36
2“Ҳосилот”32019-26
3“Парвоз”31115-64
4“Сардор”30103-101


Мувофиқи низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ – “Барқчӣ” ва “Ҳулбук” аз гарӯҳи “А”, “Панҷшер” ва “Ҳосилот” аз гурӯҳи “Б” - ба даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ ёфтанд.

Дар нимфинал рӯзи 17-уми феврал дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе “Барқчӣ” бо “Ҳосилот” (соати 10:30) ва “Панҷшер” бо “Ҳулбук” (соати 14:00) рақобат мекунанд.

Дастаҳои ғолиби даври ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026, ки рӯзи 20-уми феврал дар майдони асосии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 15:00 оғоз меёбад, рӯбарӯ мешаванд. Пеш аз финал соати 10:30 дар ин майдон дастаҳое, ки дар нимфинал мағлуб мегарданд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 50 000 сомонӣ, ба барандаи медали нуқра 30 000 сомонӣ ва ба соҳиби нишони биринҷӣ 20 000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори понздаҳум сурат гирифтааст. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.

НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ФФТ (2012-2025):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4

2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0

2025 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА (Душанбе) – 2:0