Мардикорони "рӯ ба раҳми Худо" (ВИДЕО)

Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақа Кӯлоб барои муҳоҷироне, ки аз Русия баргаштаанд ва ҷои кор надоранд, панҷ "мардикорбозор" таъсис додааст.

Аксари муҳоҷирони баргашта аз Русия дар минтақаи Кӯлоб дар панҷ бозори вижаи мавсум ба “мардикорбозор” ҷамъ омадаанд. Ин марказҳои бо ном “мардикорбозор” ба тозагӣ аз ҷониби Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъсис ёфтааст, то муҳоҷирони баргашта ба ин васила кор пайдо кунанд. Аммо ин муҳоҷирон мегӯянд, аҳволи онҳоро танҳо бо ибораи “рӯ ба раҳми Худо” метавон қиёс кард ва ҳоло маълум нест, ки аз ин роҳ зиндагиашон беҳ мешавад ва ё на.

Саидаҳмад Пириев, сардори раёсати Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ минтақаи Кӯлоб бо Радиои Озодӣ гуфт, барои афроди бекор панҷ бозори “мардикорӣ” таъсис додаанд. Сетои он дар Кӯлоб ва дуи дигар дар ноҳияи Восеву Ҳамадонӣ. Ӯ мегӯяд, агар теъдоди бештари муҳоҷирон баргарданд, “мардикорбозорҳо” дар минтақаҳои дигар низ таъсис хоҳан ёфт:​“Аксари бачаҳо аз Русия омада истодаанд, барои бекор намонанд, мо бояд тадбирҳоро пешакӣ андешем. Ҳоло мо дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Восеъ мардикорбозорро таъсис додем. Рӯзҳои наздик низ дар ноҳияи Фархор таъсис хоҳем дод. Дар худи як Кӯлоб бошад баъди баргашти бисёри муҳоҷирон аз Русия, ду бозори иловагии мардикор таъсис додем.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳоҷирони бекормонда озими мардикорбозори Кӯлоб шудаанд.

Як моҳи пеш дар манотиқи Кӯлоб ҳамагӣ як “мардикорбозор” фаъол буд, ки дар он ҳудуди 100 мардикор ҷамъ омада, аз сӯи сокинон фармоиш мегирифтанд ва аз пайи иҷрои супориш мешуданд. Ҳоло бошад, шумораи мардикорон дар як бозор то 300 - 400 нафар афзоиш ёфтааст.

Манучеҳри Мирхудо, як сокини 27-солаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба наздикӣ аз Русия ва бо ҷайби холӣ баргаштааст. Баъди ду ҳафтаи бозгашташ аз Маскав, барои кор ба мардикорбозор баромада, интизорӣ корфармо аст. Ӯ мегӯяд, дар ду ҳафтаи корҷӯияш дар мардикорбозор, то ҳол ягон “харидор” наёфтаст:

“Ман ҳамроҳи бародарам ду ҳафта пеш аз Москва бе пул омадем. Хайр, чанд дар хона мешинем. Маҷбур шудем, ба мардикорбозор омадем. Вақте вориди бозор шудем, мисли мо 30 нафари дигар низ нав аз Русия омада будаанд. Мо низ ҳаминро гуфтание, ки ин қадар одамон депорт шуда, гашта омада истодаанд, ягон корхона бунёд кунанд, муҳтоҷи ягон нафар нашаванд.”

Мардикорон макони таҷаммӯи ҳаррӯзаи худро бозори “рӯ ба раҳми Худо” ном гузоштаанд. “Бозори мо "рӯ ба раҳми Худо" ном дорад. Мо аз Худо умедорем, ки фармоишгарро ба мо равон мекунад. Дар ҳоли ҳозир дар ин бозори мо ҳама бекор ҳаст. Ҳатто дар ҷанозаи як хеш, як сӯм пайдо карда рафта наметавонем. Ин аст ҳаст ҳоли зори мардикорон.”- мегӯяд яке аз мардикорҳо.

Баҳриддин Ятимов, мутахассиси шуъбаи хадамоти муҳоҷирати шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, танҳо дар як моҳи январ ҳудуди 7000 сокини Кӯлоб аз муҳоҷират меҳнатӣ баргаштааст. Мақомот мегӯянд, ки дар маҷмӯъ, 10 ҳазору 333 нафар ҳамчун афроди бекор ба маркази шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд, Аз ин шумора 7380 сабти ном шуда, 103 нафари дигар аз 200 то 250 сомонӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Минтақаи Кӯлоб бо навоҳии атрофи он аз манотиқи рушднаёфтаи Тоҷикистон аст, ки корхонаҳои саноатии бузург ва ҷои кории зиёд надорад. Аксар аҳолии ин минтақа Русия ба мардикорӣ мераванд ва қисме ҳам ба кишоварзӣ машғуланд. Қонуни нави муҳоҷирати Русия аз 1 январ ба иҷро даромад. Дар пайи ин танҳо дар як рӯзи 19 феврал тибқи омори расмӣ аз Русия ба Кӯлоб 240 нафар баргашта, аз ин шумора 200 нафарашро мардон ташкил медодааст.