Аз ҷарима то зиндон. Ҷазои 7 шаҳрванди Чину Афғонистон дар Тоҷикистон

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар вилояти Хатлон панҷ шаҳрванди Чин ва ду шаҳрванди Афғонистонро барои гузаштан аз сарҳад ва кӯшиши заршӯйӣ дар хоки Тоҷикистон ҷазо додаанд. Онҳо моҳи майи соли 2025 дастгир шуда буданд. Додситони ноҳия гуфт, таҳқиқ ва муҳокимаи парвандаашон чанде пеш ба поён расид.

“Шаҳрвандони Афғонистонро ҳангоми убури сарҳад дастгир карданд. Парвандаи ҷиноӣ аз сӯйи КДАМ дар минтақаи Кӯлоб боз шуд. Бар асоси моддаи 335, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ. Парванда баррасӣ шуда, нисбат ба онҳо ҳукми суд (додгоҳ) содир шудааст,” – хабар дод Абдулфайз Холиқзода, додситони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

Ӯ ҷузъиёти парванда ва ҳукмро ба забон наовард.

Абдулфайз Холиқзода

Дертар дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, ки шаҳрвандони Чин ҷарима шуда, ду шаҳрванди Афғонистон 12 сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд. Андозаи ҷаримаи чиниҳо ба мо маълум нест.

Ин афрод баҳори соли гузашта ва дар замоне дастгир шудаанд, ки аз он сӯи Ому ва бо нақшаи заршӯйӣ ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд. Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, онҳо бо худ се экскватор доштанд.

Абдулфайз Холиқзода гуфт: “Экскваторҳо мусодира шуда, ба фоидаи давлат дода шуданд. Дар онҷо ҳафт нафар буданд.”

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо вилоятҳои Тахор ва Бадахшони Афғонистон марзи муштарак дорад. Баъди ба сари қудрат омадани гурӯҳи “Толибон” ҷустуҷӯ ва коркарди тило дар лаби дарёи Панҷ аз он сӯйи марз бештар шуд. Ҳоло дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд.

Тоҷикистон ҳам баъди соли 2023 заршӯйиро дар соҳили Панҷ бештар кардааст. Ба иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ, чанд ширкати тоҷикӣ бо ҷалби коргарону таҷҳизоти чинӣ дар онҷо тило мекобанд. Чанд нафари онҳо дар ду ҳамла аз хоки Афғонистон дар солҳои 2024 ва 2025 кушта шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷазои шаҳрвандони Чину Афғонистон дар Тоҷикистон