Ҷазо барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират дар Қирғизистон сахттар мешавад

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ҷазоро барои поймоли қоидаҳои будубош дар ин кишвар сангинтар кунанд.

Дар лоиҳаи қонун пешниҳод шуда, ки барои саркашӣ аз тарк кардани Қирғизистон, надоштани иҷозаи зист ё истифодаи санаде, ки муҳалаташ сипарӣ шудааст, аз 5500 то 20000 сом ҷарима таъйин шавад.

Миқдори ҷарима вобаста ба муҳлате хоҳад буд, ки шаҳрванди хориҷӣ дар Қирғизистон ғайриқонунӣ ба сар бурдааст.

Дар сурати қабули қонун, шаҳрвандони хориҷие, ки беш аз як сол дар Қирғизистон ба таври ғайриқонунӣ зистаанд, 20 ҳазор сом ҷарима карда мешаванд.

Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, ҷаримае, ки ҳоло барои нақзи қоидаҳои будубош дар Қирғизистон пешбинӣ шудааст, "ночиз аст".

Ҳукумати Қирғизистон теъдоди квотаи муҳоҷирони кории хориҷиро барои соли 2024 дар ин кишвар то ба 25 ҳазор кас афзоиш дод. Коршиносон мегӯянд, теъдоди воқеии онҳо чанд баробар бештар аст.