Ҷасади як сокини Ишкошимро баъди ним сол ёфтанд

Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки ҷасади як сокини 67-солаи ноҳияи Ишкошимро баъди ним сол аз об пайдо карданд.

Дар хабарномаи Кумита омадааст, Барақбоев М. корманди шифохона буд ва 4-уми июн имсол лаб-лаби ҷар ба хона бармегашт, вале бедарак шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, бенишон шудани ин мард "ҳамаро ба ташвиш оварда буд" ва одамон мепурсиданд, ки сабаби ғарқ шудани ин мард чист.

Мақомот мегӯянд, ҷасади ин мардро дар ниҳоят 14-уми декабр пайдо карда, ба наздиконаш супориданд. Ин сокини Ишкошим соҳиби 6 фарзанд будааст.

Ҳамасола дар обҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд ва ҷасади на ҳамаи онҳо пайдо мешавад.

Аз ҷумла, рӯзи 30-юми ноябр як марди 54-сола аз деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон ба ҷарӣ сарозер шуда, ба дарёи Панҷ афтод.

Наздиконаш шикоят доранд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ёфтани ҷасади ин мард талош намекунад. Мақомот гуфтанд, мошини ин сокини Шуғнонро аз дарё бароварда, вале худашро наёфтанд.