"Ҷасади як мард ёфт шуд." Беш аз 200 кас Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро меҷӯянд

Ҷасади як марде аз мусофирони мошини Алишери Мирзонабот 20 километр поинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 25-уми июн дар эъломияе гуфт, аз дарёи Панҷ ҷасади мардеро ёфтанд, ки "шояд" яке аз мусофирони мошини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, аммо ҳоло дақиқ нест.

Ба иттилои ин ниҳод, ҷасад дар 20-километрии ҷойи афтодани мошини Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш пайдо шуда, "айни ҳол сохторҳои дахлдор барои муайян намудани шахсият чора меандешанд."

Мошини хидматии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд ва беш аз як ҳафта боз ҷустуҷӯйи пайкари онҳо идома дорад.

Дар дохили мошин ба ҷуз Алишер Мирзонаботу ҳамсараш Амина Амонуллоева ва духтари дусолааш Орифа, ду марди дигар – ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев – буданд. Онҳо аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 маъмури наҷот дар рӯйи об ва зери он дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва мавзеъҳои дигар ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар уҳда дошт.

Ҳарчанд мақомот аз шеваи раҳбарӣ ва амалкардҳояш дар панҷ соли гузашта ситоиш кардаанд, гурӯҳе аз фаъолони зодаи Бадахшон ӯро дар саркӯби норозиён ва боздошту ҳабси дигарандешон дар минтақа танқид мекунанд.

Ҳоло иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дӯши Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст. Вай солҳои охир муовини аввали Алишер Мирзонабот буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Беш аз сад нафар ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро мекобандҶустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш идома дорадШарифхон Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ шудааст