Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон гуфтанд, ки ҷустуҷӯйи як сарбоз дар рӯди Омӯ беш аз панҷ моҳ боз идома дорад, аммо то кунун ягон нишони ӯ ро наёфтанд.
Мирзобобур Мирраимови 20-сола, сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, 24-уми июни имсол дар ноҳияи Қубодиён, дар марз бо Афғонистон, нопадид шуд.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон рӯзи 19-уми ноябр дар эъломияе гуфт, "сарбоз ҳангоми шустани дастонаш ба дарё афтода, ғарқ шуд.”
Мирзораҳим Мирраимов, падари сарбоз, рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ба ғарқ шудани писараш бовар надорад”.
Ӯ ҳамзамон иддао карда буд, ки маъмурони наҷот писарашро намеҷӯянд ва аз мақомот хост, мурда ё зиндаи фарзандашро пайдо кунанд.
Инро ҳам бинед:
Падари сарбози гумшуда: “Писарамро ёфта диҳед, чи мурда бошад, чи зинда”Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон гуфтааст, аз рӯзи ҳодиса то 19-уми ноябр даҳ бор, ҳар дафъа аз 10 то 15 рӯз, ҷасади сарбозро дар рӯди Омӯ ҷустуҷӯ карданд, вале “бинобар баланд будани сатҳ ва суръати тези ҷараёни об” натиҷае ба даст наоварданд.
Мирзобобур Мирраимов ду сол пеш аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сафи нерӯҳои марзбонӣ пайваста будааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон марзи дарозе дорад ва рӯдхонаи Панҷ қисме аз онро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар гузашта чанд мавриди ғарқ шудани марзбонони тоҷик дар ин рӯдхона сабт шудааст.
Аз ҷумла, рӯзи 24-уми июл афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар рӯдхонаи сероб ғарқ шуда, пайкарашон баъди чанд рӯз ёфт шуд.
Ҷаҳонгир Давлатов, афсари 26-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, низ моҳи августи имсол ҳангоми оббозӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ҷон дод.
Марги сарбозон дар артиш ҳамасола сабт мешавад. Радиои Озодӣ дар як соли охир дар бораи марги тақрибан даҳ сарбоз хабару гузориш нашр кард. Аксар пайвандони онҳо аз шева ва шароити хидмат норозӣ буданд.
Дар пайи ҳалокати чанд сарбоз, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи имсол аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ хост, ки масъалаи тартибу низомро дар воҳидҳои ҳарбӣ бисёр ҷиддӣ бигиранд.