Консулгарии Қазоқистон дар шаҳри Дубай ҷасади ду хоҳари ба таври мармуз кушташуда дар Шарҷаро ба ватан интиқол додааст. Тафтиши ҳодисаи куштори хоҳарон Ақҷан ва Жулдиз Боҳановҳо аз тарафи мақомоти тафтишотии Имороти Муттаҳидаи Араб идома дорад ва дипломатҳои Қазоқистон бо додситонии маҳаллӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд.
Дар ин бора рӯзи 29 август Жонболат Усенов, сухангӯи ВКХ Қазоқистон дар Телеграм-каналаш хабар додааст.
Хабари пайдо шудани ҷасади ду шаҳрванди Қазоқистон, хоҳарони 20 ва 22-сола дар шаҳри Шарҷа чанд рӯз пеш аз тарафи ВКХ нашр шуд. Хонаводаи Ақҷан ва Жулдиз Боҳановҳо гуфтаанд, ки хоҳарон бо мақсади кор дар як ороишгоҳ ба Шарҷа рафта буданд ва бояд моҳи сентябр бармегаштанд.
Як ҳафта пеш аз фоҷеа тамоси онҳо бо хонавода пурра қатъ шуд. Ҷасади хоҳаронро дар як хонаи иҷора пайдо карданд. Як хеши ин хоҳарон ба нашрияи Tengrinews.kz гуфтааст:
“Мо онҳоро дар ҳама ҷо ҷустуҷӯ кардем, ҳатто фикр кардем, ки шояд дар идораи полиси муҳоҷират бошанд. Вале дирӯз ба мо гуфтанд, ки ду ҷасадро ошкор карданд ва онҳо хоҳарони мо ҳастанд. Онҳоро куштаанд ва як нафарро ҳам бо гумони содир кардани ин куштор аллакай боздошт кардаанд. Ӯ ҳам аз Қазоқистон аст”. Вале маълум нест, то куҷо ин ҳама маълумот дуруст аст ва чӣ сабаб буд, ки ин куштор рӯй додааст.