Ҷасади ҳамсари Алишер Мирзонаботро дар ҳудуди Афғонистон ёфтаанд

Алишер Мирзонабот бо ҳамсараш. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷасади Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баъди беш аз ду ҳафтаи ҷустуҷӯ пайдо кардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, пайкари ӯ рӯзи 3-юми июл дар дарёи Панҷ дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд.

Ба иттилои манбаъ, "марзбонони Афғонистон ҷасади як занро пайдо карда, ба марзбонони тоҷик супурданд" ва ташхис нишон додааст, ки ӯ ҳамсари Алишер Мирзонабот аст. Афғонистон аз соли 2021 зери итоати гурӯҳи “Толибон” аст.

Навор дар Инстаграм:

Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.

Пайкари Алишер Мирзонаботро рӯзи 30-юми июн ва ёвару ронандаашро рӯзҳои 25-26-уми июн пайдо карда, ба хок супурданд.

Ҷасади Орифа, духтари дусолаи Алишер Мирзонабот, ҳанӯз пайдо нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, гурӯҳе аз наҷотбахшон ҳанӯз ҷасади тифлро ҷустуҷӯ доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Пайкари Алишер Мирзонаботро дар Рӯшон дафн кардаандҶасади ронандаи раиси Бадахшонро ёфтаандШарифхон Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ шудааст"Наметавон баҳои яксон дод." Нигоҳҳо ба корномаи Алишер МирзонаботҲалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз