Ҷанги Русияву Украина ба кадом самт равон аст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Киштзорҳои баҳорӣ ва роҳҳои вайрони ҷангалӣ дар шимоли Покровск ҳанӯз ҳам пур аз гилу часпак аст. Гил ба мӯзаҳо, чархҳои мошину зиреҳпӯшҳо, силоҳ ва қуттиҳои тиру аслиҳа часпида, ҳама чизро вазнинтар ва ҳаракати сарбозонро кунд мекунад. Аҳвол барои сарбозони украинӣ ва ҳам барои сарбозони рус яксон аст.

Агар шумо бихоҳед, ба сарбозоне, ки дар хандақҳо ва сангарҳо паноҳ бурдаанд, обу бензин бирасонед, бояд ҳатман аз мошинҳои ҳамаҷогард (квадросиклҳо) истифода кунед.

Як сарбози бригадаи 152-юми пиёдагарди сабуки Украина, ки худро танҳо бо тахаллуси «Барс» муаррифӣ кард, мегӯяд: «Квадросикл зудҳаракат аст, диди васеътар медиҳад ва дар сурати зарурат метавон аз он зудтар пиёда шуд. Он аз ҷойҳое мегузарад, ки мошинҳои оддӣ дар гил дармемонанд».

Ин сарбоз дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ афзуд: «Мо талош кардем, ки лавозимотро бо зиреҳпӯшҳо бирасонем, вале ҳамеша ба маҳалли сарбозон расидан муяссар намешавад. Зеро хатари ба мина бархӯрдан, ё зери ҳамлаи паҳподҳо мондан бисёр зиёд аст».

Ин оғози панҷумин мавсими набардҳо барои артиши Украина дар роҳи дифоъ аз кишвар дар баробари артиши азиму муҷаҳҳазтари Русия аст.

Аммо баҳори имсол аз солҳои пеш фарқ мекунад.

Паси Паройнен, таҳлилгари низомӣ аз созмони таҳқиқотии «Black Bird Group»-и Финландия мегӯяд: «Дар ҳоли ҳозир, вазъи умумии украиниҳо нисбат ба чанд соли гузашта беҳтар ба назар мерасад, ҳарчанд ҳанӯз ҳам чанд хатари ҷиддӣ боқӣ мондааст».

Ба гуфтаи коршиносон ва таҳлилгарони низомӣ, дар миёнаҳои моҳи май нерӯҳои Украина дар муқоиса ба заминҳои аздастдода, қаламравҳои бештареро аз русҳо пас гирифтанд ва ин бори дувум дар соли 2026 аст.

Албатта, ин пешравиҳо тадриҷианд ва ҳанӯз ба як гардиши куллӣ дар ҷанг табдил наёфтаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба тағйири усулҳо, тактикаи ҷангӣ ва технология, мушаххас кардани хатти пеши ҷабҳа, ки битавон масоҳати заминҳои аздастрафта ё пасгирифтаро дақиқ кард, тақрибан ғайриимкон шудааст.

Бо вуҷуди ин, бино ба гузориши гурӯҳи нозири «DeepState», ки бо артиши Украина робита дорад, пешравии русҳо то миёнаҳои моҳи май комилан боздошта шудааст ва онҳо ҳатто баъзе мавқеъҳои худро аз даст додаанд. Ин хулосаҳоро Пажӯҳишгоҳи Омӯзиши Ҷанги Амрико (ISW) низ тасдиқ мекунад.

Паройнен мегӯяд: «Вазъият ҳанӯз комилан ба фоидаи Украина тағйир наёфтааст ва гумон аст, ки украиниҳо битавонанд, дар ояндаи наздик ҳамлаҳои мутақобилаи густурдаро оғоз кунанд. Вале Русия дар пешравӣ дучори мушкил аст ва ҷанг дар ҳоли ҳозир ба самти як бунбасти муваққатӣ пеш меравад».

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 19-уми май гуфт: «Ин моҳ фароянди ҷангро ба нафъи мо, ба фоидаи Украина тағйир дод. Мо мавқеъҳои худро беҳтар ҳифз мекунем ва ба душман зарбаҳои бештар мезанем».

Тамоюл барои Украина нигаронкунанда аст

Бо беҳтар шудани вазъи ҳаво, хушк шудани замин ва сабз шудани дарахтон, ки сарбозонро аз чашм ва ё диди дрон, ё паҳподҳо пинҳон медорад, шиддати набардҳо бештар мешавад. Нозирони украинӣ, русӣ ва ғарбӣ мегӯянд, ки имсол низ истисно нест.

Коршиносон бар ин боваранд, ки бо афзоиши паҳподҳо ва технологияҳои нави ҷангӣ, дигар хатти пеши ҷабҳа ба маънои пешинааш вуҷуд надорад. Ба ҷои он, мафҳуме бо номи «минтақаи марг» ба вуҷуд омадааст, яъне як қаламрави васеи хокистарӣ, ки то ақибгоҳ тӯл мекашад ва дар онҷо сарбозон ва хатҳои таъминотӣ ҳамеша зери хатар ҳастанд.

Дар ҷараёни зиддиҳамлаҳо дар охири моҳҳои январ ва феврал, нерӯҳои Украина тавонистаанд, тақрибан 37 километри мураббаъ заминро, асосан дар наздикии шаҳри Гулйайполе, пас гиранд, ҳатто агар низомиёни рус баъдан нерӯҳои украиниро андаке ба ақибнишинӣ аз он ҷойҳо маҷбур карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар аввали моҳи май, сарбозони украинӣ дар шарқи вилояти Харков, дар наздикии Купянск ба пешравиҳои нав ноил шуданд. Купянск шаҳрест, ки Украина онро дар охири соли 2022 аз Русия пас гирифта буд, сипас назоратро аз даст дод ва соли гузашта дубора онро зери назорати худ даровард. Рӯзи 15-уми май блогнависони низомии украинӣ ва русӣ гузориш доданд, ки нерӯҳои Украина деҳаи Одрадноеро дар шимоли Купянск озод кардаанд.

Бори охир Украина дар охири соли 2022 дар пайи ду зиддиҳамлаи густурда дар вилоятҳои Харков ва Херсон тавонист, қаламравҳои васеъеро пас бигирад.

Паси Паройнен мегӯяд: «Дар воқеъ, ташаббус ҳанӯз ҳам бештар дар дасти русҳост, ҳарчанд онҳо барои пешравӣ сахт талош доранд. Моҳҳои ояндаи тобистон равшантар хоҳанд кард, ки оё нерӯҳои Русия комилан дар гил мондаанд, ё метавонанд суръати ҳаракати худро дубора барқарор кунанд».

Дар тӯли ин ҷанг, Русия бештар ба нерӯи бераҳмона ва фиристодани пайиҳами сарбозон аз ҳисоби аҳолии зиёди худ такя кардааст. Бисёре аз ин навсарбозони пиёданизомро ба ҳамлаҳои марговаре мефиристанд, то хатҳои дифоии Украинаро рахна кунанд, вале натиҷаи ин тактикаи ҷангӣ талафоти ваҳшатбор будааст.

Маҷаллаи «The Economist» тахмин мезанад, ки байни 280,000 то 518,000 сарбози рус кушта шудаанд ва талафоти умумӣ (бо шумули захмиён) аз 1.1 то 1.5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Таҳқиқоти муштараки нашрияҳои «Медиазона» ва «Медуза» нишон медиҳад, ки то охири соли 2025 артиши Русия ҳудуди 352,000 нафарро талаф додааст.

«Аз ҳад зиёд гарон»

Дар гузориши солонаи худ, ки моҳи гузашта нашр шуд, Хадамоти Истихбороти Низомии Ҳоланд шумори кушташудагони Русияро беш аз 500,000 нафар ва талафот бо захмиёни вазнинро 1.2 миллион нафар баровард кардааст.

Ҳамчунин моҳи апрел вазири дифои Украина изҳор дошт, ки ҳадафи онҳо маҳв ё захмӣ кардани сарбозони рус ба ҳаддест, ки аз теъдоди онҳо назар ба навсарбозони ҷалбшуда бештар бошад, яъне тақрибан 35,000 нафар дар як моҳ.

Михайло Федоров, як мақоми украинӣ гуфт: «Мо мекӯшем, ки барои душман ҳар як метри хоки Украина бисёр гарон афтад.»

Аммо вазъи Украина низ, ки аҳолиаш се баробар камтар аз Русия аст, чандон хуб нест.

Хадамоти Истихборотии Ҳоланд талафоти артиши Украинаро ҳудуди 500,000 нафар тахмин мезанад, ки ин ба гузориши Маркази Пажӯҳишҳои Стратегӣ ва Байналмилалии Вашингтон (CSIS) наздик аст. Ин марказ талафоти умумии Украинаро (кушташудагон, захмиён ва беному нишоншудагон) аз 500 то 600 ҳазор нафар ва шумори кушташудагонро то охири соли 2025 то 140,000 нафар тахмин кардааст.

Мақомоти ҳоландӣ мегӯянд, ки тамоюл барои Украина нигаронкунанда аст, «зеро бархилофи Русия, Украина наметавонад, ё ба сахтӣ метавонад, талафоти худро ҷуброн кунад».

Аз Купянск то ҷануб

Дар ҳоле ки Купянск дар ҷабҳаи тақрибан 1100-километрӣ барои Украина як нуқтаи умедбахш буд, вазъ дар атрофи шаҳрҳои Краматорск ва Славянски вилояти Донетск, ки украиниҳо онро «камарбанди қалъаӣ» меноманд, мушкилтар боқӣ мемонад.

Мақомоти Русия борҳо таъкид кардаанд, ки тасарруфи ин ду шаҳр тавассути зӯр ё дипломатия барои онҳо авлавият дорад. Аз аввали сол нерӯҳои Русия ба самти Константиновка, шаҳре, ки бо хатти оҳан дар 30-километрии ҷануби Краматорск аст, оҳиста-оҳиста пеш мераванд.

Паройнен мегӯяд, ки Константиновка эҳтимолан ба «набарди асосӣ»-и ин тобистон табдил хоҳад ёфт ва пешбинӣ мекунад, ки Русия то охири тобистон онро тасарруф хоҳад кард. Бо ин ҳол, ба гуфтаи ӯ, «тасарруфи ин гумон аст, ки боиси фурӯпошии ҷабҳаи онҷои украиниҳо шавад».

Шаҳри Лиман низ, ки талоши русҳо барои тасарруфи он дар моҳи март ноком шуда буд, бинобар хастагии воҳидҳои низомии Украина дар ин минтақа, таҳти хатар боқӣ мемонад. Дар 200-километрии ҷануби ғарби Лиман, нерӯҳои Русия ба самти Гулйаёполе ва Орехов бо суръати хеле суст пеш мераванд.

Оё дипломатия аз байн рафтааст?

Нотавонии нерӯҳои Русия дар расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Кремл, яъне тасарруфи камилии вилояти Донетски Украина, боис шуд, ки Кремл ба дипломатия низ рӯ оварад.

Дар тӯли 16 моҳи пас аз бори дувум ба қудрат расидани Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико фиристодагони Русия борҳо бо ҳамтоёни худ дар Кохи Сафед мулоқот карданд. Стив Виткофф фиристодаи асосии Амрико, ҳашт бор бо Путин дидор доштааст.

Аммо ин талошҳои таҳти ҳимояти Амрико дар ҳоли ҳозир бенатиҷа мондаанд. Тавре мақомоти Русия ва Украина шикоят мекунанд, маъмурияти Трамп бештар ба ҷанги Эрон машғул аст. Низоъе, ки се моҳ боз идома дорад ва оташбаси ноустувори он аломати рӯшане барои поёни ҷанг нишон намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Украина аз бартариҳои худ дар берун аз майдони ҷанг низ истифода мекунад ва бо кӯмаки паҳподҳо ба корхонаҳои коркарди нафт ва анборҳои содиротии Русия дар умқи хоки ин кишвар зарба мезанад. Ин талошҳо Кремлро нигарон кардааст, то ҷое ки онҳо маҷбур шуданд, раҳпаймоии идонаи солонаи Рӯзи Ғалабаро маҳдуд кунанд.

Паройнен мегӯяд: «Ҷанг дар Русия рӯз ба рӯз маҳбубияти худро аз даст медиҳад ва Маскав эҳтимолан дар заминаи маблағгузории ҷанг ва таъмини нерӯи инсонӣ бо мушкилоти бештар рӯбарӯ хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, Украина зарбаҳои худро ба зербунёдҳои энергетикӣ ва таъминотии низомии Русия шиддат бахшида, дар айни замон хатҳои дифоии зиёд дар паси ҷабҳа бунёд мекунад».

Иван Ступак, корманди собиқи Хадамоти Истихбороти Украина ва ҳоло коршиноси Пажӯҳишгоҳи оянда дар Киев, дар суҳбат бо телевизиони «Настояшее Время» гуфт: «Ҳадаф ин аст, ки ба сокинони оддии Маскав нишон дода шавад, ки ҷанг танҳо як чизи маҷозӣ дар Ютуб ё телевизион нест. Ва ҳоло Маскав воқеан тамоми ҳақиқатҳои талхи ҷангро ҳис мекунад».