Ҳасиб Панҷшерӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, кушта шудааст.
Ӯ соли 2021, баъди ба қудрат баргаштани гурӯҳи "Толибон", ба ин ҷабҳа пайваста буд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, созмони мухолифи "Толибон", рӯзи 20-уми август дар эъломияе Ҳасиб Панҷшериро "намоди боризи иродаи оҳанин" номид, ки "дар баробари истибдод ва нобаробарӣ ҳаргиз қомат хам накард."
"Ӯ ва ёронаш аз чеҳраҳои устувор ва шикастнопазири муқовимат буданд, ки дар душвортарин шароит, истодагӣ дар сангарро бар офиятталабӣ тарҷеҳ доданд," – афзудааст манбаъ.
Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ бо такя ба як манбааш дар ҳукумати "Толибон" навишт, ки Ҳасиб Панҷшерӣ дар ҷараёни як амалиёт кушта ва 13 ҳамроҳи ӯ дастгир шудаанд.
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, Ҳасиб Панҷшерӣ дар пайи "як камини ноҷавонмардона" кушта шуд ва афзуд, "ҷузъиёти бештар дар бораи ин рӯйдод пас аз такмили баррасиҳои майдонӣ, ба иттилои мардуми шарифи Афғонистон хоҳад расид."
Ҳасиб Панҷшерӣ дар ҳукумати пешинаи Афғонистон, ки бо номи "ҷумҳурият" шинохта мешавад, дар Раёсати амнияти миллии он кишвар кор кардааст.
Вай дар панҷ соли охир дар бораи идомаи мубориза бо нерӯҳои "Толибон" пайваста навор нашр мекард.
Гурӯҳи "Толибон", ки то кунун дар бисёре аз кишварҳо созмони ифротгаро мондааст, панҷ сол пеш бори дувум зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, вале то кунун, ба ҷуз аз Русия, ҳеч кишваре ҳукуматашро ба расмият нашинохтааст.