Ҷабборов: "Дар гирифтани қарз барои тӯй бояд бомасъулият буд"

Содир Ҷабборов. Акс аз бойгонӣ

Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, аз мардуми кишвараш хостааст, пеш аз гирифтани қарзи бонкӣ барои тӯю маъракаҳо фикри бозгардондани онро бикунанд.

Хабаргузории “24.kg” рӯзи 26-уми июн навишт, Ҷабборов дар ин бора ҳангоми мулоқоташ бо сокинони ноҳияи Оқтолаи вилояти Норин гап задааст.

Як сокини Норин гуфтааст, баъзе аз одамон барои саривақт насупурдани қарз ба “феҳристи сиёҳ”-и бонкҳо ворид карда мешаванд.

Ҷабборов дар посух гуфтааст: “Қарзи бонкӣ кумаки бебозгашт нест. Баъзеҳо қарз гирифта тӯй мегузаронанд, вале баъди тӯй онро баргардонида наметавонанд.”

Расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ки мавзӯи қарзҳои бонкӣ барои барпо кардани тӯй дар ин кишвар дар гузаштаҳо ҳам матраҳ шудаст.

Кумитаи омори миллии Қирғизистон гуфтааст, соли 2025 ташкилоти қарзӣ ба сокинон ба маблағи 86 миллиард сом пул додаанд. Бахши асосии маблағҳо барои барпо кардани тӯй истифода мешаванд.

Дар Қирғизистон низ ба мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тӯю арӯсиҳо аз бахши бисёр серхароҷоти маъракаҳо ба ҳисоб мераванд.