Раисҷумҳури Амрико гуфт, ӯ мехоҳад "нафти Эронро ба даст оварда", шояд ҷазираи Хоргро ҳам ишғол кунад. 90 дарсади нафти Эрон ба воситаи ҳамин ҷазира ба берун бурда мешавад. Доналд Трамп ҳамзамон таъкид кард, ки Вашингтон дар музокира бо Эрон "бисёр хуб пеш меравад" ва "бовар дорад" созиши сулҳ "базудӣ" ба даст меояд.
Ин изҳороти омехта бо таҳдид ва эҳтимоли созиши сулҳ бо Теҳрон рӯзи 29-уми март дар як мусоҳибаи Трамп бо хабарнигори маҷаллаи "Financial Times" ва чанд расонаи дигар садо дод.
Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон аз гуфтушунид бо Теҳрон ситоиш кард ва афзуд, музокира ба таври мустақим ва ғайримустақим бо шахсони "қобили қабул" ҷараён дорад. Вай таъкид намуд, ки Теҳрон гулӯгоҳи Ҳурмузро қисман боз кардааст. Аз ин гулӯгоҳ 20 дарсади нафти ҷаҳон мегузарад.
Доналд Трамп нагуфт, ки манзураш аз музокираи мустақим бо Эрон чӣ аст. То ҳол Теҳрон вуҷуди гуфтушунидро бо Иёлоти Муттаҳида комилан инкор мекунад. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ мегӯянд, нақшаи Амрикоро иборат аз 15 бахш, ки тавассути намояндагони Покистон фиристода шуд, дастрас, баррасӣ ва рад кардаанд.
Тахриби чандин бино дар ҷануби Исроил бар асари ҳамлаҳои паҳподии Эрон
Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт: "Ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки дар ин музокираҳо фавқулода хуб пеш меравем, вале бо Эрон ҳеч чизро пешгӯӣ кардан мумкин нест. Бинобар ин, бо онҳо гуфтугӯ мекунем ва сипас маҷбур мешавем онҳоро битарконем. Бо бомбафканҳои В-2 мезанем ё созишҳоро бекор мекунем. Масалан, онгуна ки Барак Обама бо созиши ҳастаӣ кард. Ин шояд бадтарин созише буд, ки ба унвони як кишвар анҷом додаем."
Трамп дар мусоҳибааш бо маҷаллаи "Financial Times" гуфт, "ба даст овардани нафт дар авлавияти ман мешавад" ва вазъи Эронро бо Венесуэла ва ҳабси раҳбари он Николас Мадуро монанд кард. Вай ба Эрон то 6-уми апрел муҳлат дод, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро боз карда, созиши хатми ҷангро бипазирад, вагарна ба нерӯгоҳҳои он зарба мезананд.
Видео дар инҷо:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Трамп: "ИМА мехоҳад нафти Эронро ба даст орад"
Покистон ният дошт, ки дар Исломобод музокироти мустақими сулҳро ташкил кунад, аммо хушунатҳо дар Ховари Миёна ва изҳороти тунди Вашингтону Теҳрон баргузории чунин гуфтугӯро зери суол мебарад.
Ин ҳама таҳаввулот дар ҳолест, ки ҳазорҳо нерӯи дарёии амрикоӣ вориди минтақа шуда, Вашингтон барои ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар хоки Эрон заминасозӣ мекунад. Вале мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳеч қароре дар мавриди ҳуҷуми заминӣ ба Эрон вуҷуд надорад.
Раиси порлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф
Ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ҳафтаи панҷум давом дорад. Раиси порлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф Амрикоро дар таҳияи нақшаи ҳамлаи пинҳонии заминӣ гунаҳкор карда, гуфт, "бовар дорем, Амрикоро ҷазо медиҳем ва барои он, ки фикри ҳамла болои Эронро кардааст, пушаймон хоҳад шуд".
Мақомоти Исроил гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба шаҳри Биршиба, 11 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар яке аз ин зарбаҳо, корхонаи кимиёии воқеъ дар канори шаҳр оташ гирифт. Низомиёни исроилӣ дар гузориши "24 соати охир"-и худ гуфтанд, ки ба қисматҳои марказиву ғарбии Эрон, аз ҷумла Теҳрон 140 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд. Гузориш мегӯяд, дар қатори дигар ҳадафҳо ба макони истиқрори мушакҳои баллистикӣ ва анборҳо зарба зада шуданд.
Оҷонси байналмилалии нерӯи атомӣ рӯзи 29-уми март гуфт, ки реактори оби сангини Хандоб, ки дар наздикии Арок ҷойгир асту ба иттилои Теҳрон рӯзи 27-уми март мавриди ҳадаф қарор гирифт, аз чанд ҷой осеб дида, аз фаъолият мондааст.
Дар Теҳрон баъди ҳамла ба телевизиони қатарии Al-Araby ва сохторҳои тиҷоратӣ дар рӯзи 29-уми март, ходимони ёрии изтирорӣ дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд.