Баъзе аз муҳоҷирону паноҳҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон (Полша) мегӯянд, санҷиши шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ин гӯшаи Аврупо бештару сахттар шудааст. Ин кор пас аз занонзании гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Варшава сурат мегирад. Воқеа рӯзи 28-уми феврали имсол рӯй дод. Як нафар захмӣ ва се тан боздошт шудаанд. Баъзе аз расонаҳои Лаҳистон навиштанд, ки ин кишвар бо ҳадафи пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ амалиёти густардаро ба роҳ монд.
"Агар хатое диданд, зуд ба боздоштгоҳ мебаранд"
"Дар хиёбону ошхонаҳо, таксӣ ва истгоҳи қатор ҳуҷҷатҳоро месанҷанд ва агар норасоии хурд ҳам бошад, боздошт мекунанд," – гуфт як ронандаи тоҷик дар Варшава, ки худро Саидҳамид Шоев муаррифӣ кард.
Мусоҳиби мо афзуд, панҷ сол боз дар маркази Лаҳистон (Полша) таксӣ меронад, вале ҳеч гоҳ чунин бархӯрдро бо муҳоҷирони тоҷик ва умуман мардуми Осиёи Миёна надида буд. "Дар роҳ манъ мекунанд, шиноснома ва иҷозаи иқоматро мебинанд. Каме хато диданд, зуд ба боздоштгоҳ мебаранд," – илова кард ӯ рӯзи 16-уми март.
Саидисҳоқ Бобоев, як фаъоли тоҷик дар Варшава, рӯзи 17-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ сахттар шудани санҷиши муҳоҷирони тоҷикро дар Лаҳистон (Полша) тасдиқ кард. Вай гуфт: "Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёт садҳо нафарро боздошт карданд, ки дар миёни онҳо тоҷикҳо ва узбекҳо бештар буданд."
Ба қавли ӯ, ин амалиёт дар ошхонаи вобаста аз шаҳрвандони Узбекистон сурат гирифтааст: "Нозирон ҳамаро ба по хезонда, як ба як санҷиданд ва бархеро бо худ бурданд."
Як ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта чунин амалиёт дар масҷиде дар Варшава гузаштааст. "Пештар ҳам рейд мешуд, вале бисёр ором мегузашт. Пас аз занозании тоҷикҳо, нашри ин хабар дар расонаҳо ва бозтоби он аз тарафи блогерҳо таваҷҷуҳи пулис бештар шудааст," – илова кард ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "10 ҳазор доллар". Ҷузъиёти занозании як гурӯҳ аз тоҷикон дар Варшава"Пулатро аз Тоҷикистон аз пулис мегирӣ"
Занозании як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон (Полша) шаби 28-уми феврал дар ноҳияи Воляи Варшава рух дод. Чанд манбаи огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби асосии занозанӣ “даҳ ҳазор долларе будааст, ки шахсе бо номи Умар барои гуё таҳияи виза ё раводиди корӣ аз як муҳоҷири тоҷик гирифта, вале на корро иҷро кардааст ва на пулро баргардондааст”.
Дар наворе, ки Радиои Озодӣ дид, рӯзе пеш аз занозанӣ ду тараф дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ масъалаи баргардондани пулро баҳс кардаанд. Дар навор садои “пуламро баргардон”, “пулатро аз Тоҷикистон аз пулис мегирӣ”, “рақами мошинаамро чаро гирифтӣ?” ва “шумоҳо террорист ҳастед” шунида мешавад.
Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Лаҳистон (Полша) низ бозтоб ёфтааст. Аксари онҳо навореро пахшу паҳн карданд, ки як нафар бо сари кафида дар замин хобидааст ва як кас бо чӯбдаст ба мошин мезанаду дигаре ба наворбардор ҳамла мекунад. Наворбардор, ки бо забони тоҷикӣ гап мезанад, тарафи дигарро “террорист аз Тоҷикистон” номида, гоҳе таҳдид мекунад, ки “ҳамаи шумо ба Тоҷикистон бармегардед”. Яке аз ҷавонҳо посух медиҳад, онҳо террорист нестанд.
Баъзе аз шарҳнависон дар Лаҳистон (Полша) хостаанд, мақомот ба ҷойи нигоҳ доштани шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ва додани обу нони ройгон, беҳтар аст, қарори ихроҷи онҳоро содир ва даромаданашонро ба минтақаи Шенген барои чандин сол манъ кунанд.
Лаҳистон ё Полша аз соли 2015 ба ин тараф макони кору иқомат ва паноҳҷӯии садҳо шаҳрванди Тоҷикистон гаштааст. Ин кишвари аврупоӣ то кунун чанд тоҷикистониро, ки бо нияти паноҷҳӯӣ омада буданд, аз қаламрави худ берун кард ва баъзеи онҳо дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд.