Тоҷикистон аз ҳамлаҳо ба фурудгоҳу зербунёдҳои энергетикии Арабистони Саудӣ изҳори нигаронии амиқ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 14-уми октябр дар баёнияи расмӣ гуфт, чунин амалҳо "боис ба ташаннуҷи вазъият мегарданд ва талошҳоро барои таъмини сулҳу субот дар Ховари Миёна халалдор месозанд".
"Аз ҷонибҳои даргир даъват мешавад, ки ҳарчи зудтар ба ҷангу низоъ хотима бахшанд ва барои ҳаллу фасли ихтилоф аз роҳи музокирот кор гиранд," -- гуфта шудааст дар баёния.
Ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороташ аз "ҷонибҳои даргир" истифода кардааст, ба ҷуз номи Арабистони Саудӣ аз кишвару гурӯҳи дигаре ном набурдааст.
Ин дар ҳоелст, ки ҳусиҳои Яман, гурӯҳе зери ҳимояти Эрон, дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳоро ба Арабистони Саудӣ афзоиш додаанд.
Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, дар ҳамлаи ҳусиҳо ба фурудгоҳи шаҳри Риёз дар рӯзи 11-уми октябр як кас кушта ва ёздаҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Рӯзи 10-уми октябр дар ҳамла ба фурудгоҳи Малик Холиди Риёз 13 нафар кушта ва беш аз 300 тан захмӣ гаштанд.
Баъд аз ҳамлаҳо бисёре аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозро ба Арабистони Саудӣ муваққатан боздоштанд.
Ҳусиҳо дар ду моҳи охир минтақаҳоеро дар соҳили Бобулмандаб, ки як оброҳаи муҳим дар ҷаҳон ҳисоб мешавад, ба даст гирифтанд. Ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳимояташро аз ҳукумати Яман, ки солҳо боз бо ҳусиҳо меҷанганд, бештар кард ва ҳамла ба пойгоҳҳои ин гурӯҳро афзоиш дод.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Яман аз соли 2014 то кунун идома дорад. Дар ин ҷанг Эрон аз ҳусиҳо, ки пайрави мазҳаби шиа ҳастанд, пуштибонӣ мекунад. Ҳусиҳо Санъо, пойтахти Яман ва чанд шаҳри муҳими ин кишварро дар даст доранд.