Изҳори нигаронии Омбудсмен аз кушта шудани навраси тоҷик дар Русия

Умед Бобозода ва Татяна Москалкова

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро дар заминаи бегонаситезӣ дар Маскав маҳкум карда, аз мақомоти Русия хостааст, онро одилона таҳқиқ кунанд ва ҳар касеро, ки дар ин ҷиноят нақш дошт, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Умед Бобозода рӯзи 17-уми декабр бо изҳори нигаронии ҷиддӣ дар паёме ба ҳамтои худ дар Русия Татяна Москалкова ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Мария Лвова-Белова гуфтааст, ин ҳодисаи даҳшатбор хонаводаи наврасро дар ғаму андӯҳ нишонд ва нигаронии амиқро дар ҷомеа ба бор овард.

Ӯ афзудааст: "Ҳифзи ҳаёт, амният ва ҳуқуқи кӯдакон бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлат ва ҳар муассисаи таълимӣ бошад. Ҳеч ҳолат ва камбудҳои маъмурӣ ё хунукназарӣ наметавонад зӯроварӣ ё бепарвоиро нисбат ба кӯдакон тавҷеҳ кунад."

Бобозода ҳамзамон роҳандозии чораҳоро барои пешгирӣ аз такрори чунин фоҷиа, сахттар кардани назорат дар мактабҳо ва таъмини амнияти равонӣ ва ҷисмии кӯдакон муҳим донистааст.

Расонаҳои давлатӣ гузориш доданд, ки Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, низ бо ҳамкори русаш Сергей Шойгу ва сафири Русия дар Душанбе қатли Қобилҷон Алиевро дар миён гузошта, гуфтааст, ин ҷинояти мудҳиш дар ҷомеа нигаронии ҷиддӣ ва вокуниши васеъ ба бор овард.

Ба қавли мақомот, Юсуф Раҳмон, ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба, одилона ва шаффофи қазия таъкид карда ва гуфтааст, ки таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ноболиғон бояд дар авлавият бошад.

Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар Одинтсовои вилояти Маскав кушта шуд. Гумонбари понздаҳсола дастгир шудааст. Ба гузориши расонаҳои русӣ, ӯ эътироф кардааст, ки чанд вақти охир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид.

Дар бештар аз бист соли охир мавридҳои зиёди қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия расонаӣ шуда, дар миёни онҳо куштори кӯдакон бештар аз ҳама ҷомеаи Тоҷикистонро ошуфтаву маъюс кардааст. Марги Қобилҷон Алиев яке дигар аз ин қатлҳо шуд ва захмҳои пешинаро тоза кард.