Иттиҳоди Аврупо ду корхонаи Узбекистонро таҳрим кард

Ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, ки Русияро барои ҷангаш зидди Украина ҷазо медиҳад, ин навбат ду корхонаи истеҳсолӣ аз Узбекистон ҳам шомил шуданд.

Инҳо – Корхонаи кимиёии Фарғона ва корхонаи Raw Materials Cellulose воқеъ дар Ҷиззах мебошанд. Дар ин бора сомонаи Комиссиюни Аврупо хабар додааст.

Дар матни бастаи 20-уми таҳримҳо омадааст, ки корхонаи кимиёии Фарғона ба корхонаҳои борути Перм ва Қазон ва Raw Materials Cellulose ба корхонаи борути Тамбови Русия маҳсулот таъмин мекарданд.

Ба муассисаҳои аврупоӣ ҳамакнун ҳама гуна додугирифту ҳамкориҳо бо ин ду корхона манъ мебошад. Аз ин пеш ин ду корхона мавриди таҳримҳои Бритониё ва Украина қарор гирифта буданд.

Дирӯз дар бораи таҳрим шудани як ширкате аз Қазоқистон ва чанд муассисаи молӣб аз Қирғизистон ҳам маълум шуд.

Иттиҳоди Аврупо додугирифтҳо бо «Керемет банк» ва «Капитал банк»-ро манъ кард. Ин ду муассиса соли 2025 ҳам мавриди маҳдудиятҳои Бритониё қарор гирифтанд. Дар Брюссел ба ин боваранд, ки ин бонкҳо барои давр задани таҳримҳои зидди Русия, аз ҷумла барои ирсоли паёмҳои пулӣ тавассути низоми СПФС мусоидат мекарданд. Ин низом аз соли 2024 мавриди таҳрим аст.

Ба иловаи ин, ташкилоти қирғизистонии A7A5 ҳам, ки мудирияташ дар ихтиёри биржа ё бозори асъор буда, бо пули рақамии стейблкоин тиҷорат мекунад, мавриди таҳрим қарор дода шуд. Ин пули рақамӣ ба рубли русӣ пайванд дода шудааст. Он соли 2025 пайдо шуд ва барои содда кардани пардохтҳо бо кишварҳо истифода мешавад. Дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ин василаҳоро метавонанд барои давр задани таҳримҳо истифода кунанд.

Аз Қазоқистон ширкати воқеъ дар Алмати бо номи United Trading Group таҳрим шудааст. Он соли 2022, баъди шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украина таъсис ёфт. Бино ба маълумот аз манбаъҳои боз, ширкат як коргар дорад ва дар чор сол беш аз 111 миллион танга андоз супурдааст. Маоши коргар дар сатҳи 85 ҳазор танга мондааст. Муассиси ин корхона Алимҷон Беков ҳам таҳрим шудааст. Дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ширкат метавонист ба Русия барои ҳадафҳои саноатӣ дар интиқоли гидрогени хлорид тавассути қаламрави Қазоқистон мусоидат кунад.

Дар ҳамин қарораш Иттиҳоди Аврупо се бонки Тоҷикистонро, ки давоми ним соли охир барои кӯмаки ғайримустақимашон ба ҷанги Русия дар Украина таҳти таҳрим қарор дода буд, аз феҳрасти "сиёҳ" берун кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бонкҳои Тоҷикистон аз феҳристи таҳримҳои Аврупо берун шудандИМА гуфт, киштии ҳабсшудаи эронӣ маводи корбасти дугона дошт "Дороӣ, даромад ва амонатгузорӣ кам шуд". Таъсири таҳрим ба бонкҳои ТоҷикистонАз бастани дороӣ то манъи сафар. Талаби таҳрим ба зидди мансабдорони тоҷик