Иттиҳоди Аврупо  чанд ташкилот аз Қирғизистон ва Қазоқистонро таҳрим кард

Иттиҳоди Аврупо бастаи 20-уми таҳримҳоро қабул кард, ки ба он ширкате аз Қазоқистон ва  бори аввал ба таври мустақим муассисаҳои Қирғизистон ҳам шомил шуданд.

Дар мисоли Қирғизистон маҳдудият соҳаи молиро фаро гирифт: Иттиҳоди Аврупо додугирифтҳо бо «Керемет банк» ва «Капитал банк»-ро манъ кард. Ин ду муассиса соли 2025 ҳам мавриди маҳдудиятҳои Бритониё қарор гирифтанд. Дар Брюссел ба ин боваранд, ки ин бонкҳо барои давр задани таҳримҳои зидди Русия, аз ҷумла барои ирсоли паёмҳои пулӣ тавассути низоми СПФС мусоидат мекарданд. Ин низом аз соли 2024 мавриди таҳрим аст.

Ин ба он маъност, ки ширкатҳои аврупоӣ ва бонкҳо ҳақ надоранд бо ин ташкилот амалиёте барпо кунанд, истисно танҳо марбут ба пардохтҳои гуманитарӣ мешавад.

Ба иловаи ин, ташкилоти қирғизистонии A7A5 ҳам, ки мудирияташ дар ихтиёри биржа ё бозори асъор буда, бо пули рақамии стейблкоин тиҷорат мекунад, мавриди таҳрим қарор дода шуд. Ин пули рақамӣ ба рубли русӣ пайванд дода шудааст. Он соли 2025 пайдо шуд ва барои содда кардани пардохтҳо бо кишварҳо истифода мешавад. Дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ин василаҳоро метавонанд барои давр задани таҳримҳо истифода кунанд.

Ҳанӯз мақомот дар Қирғизистон ба ин қарор вокуниш накардаанд.

Дар маҷмӯъ дар доираи бастаи нави таҳримҳои зидди Русия 120 шахси ҷудогона ва ҳам 16 ташкилот аз кишварҳои сеюм таҳрим шудаанд.

Аз Қазоқистон ширкати воқеъ дар Алмати бо номи United Trading Group таҳрим шудааст. Он соли 2022, баъди шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украина таъсис ёфт. Бино ба маълумот аз манбаъҳои боз, ширкат як коргар дорад ва дар чор сол беш аз 111 миллион танга андоз супурдааст. Маоши коргар дар сатҳи 85 ҳазор танга мондааст. Муассиси ин корхона Алимҷон Беков ҳам таҳрим шудааст. Дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ширкат метавонист ба Русия барои ҳадафҳои саноатӣ дар интиқоли гидрогени хлорид тавассути қаламрави Қазоқистон мусоидат кунад. Ҳанӯз вокуниши ин соҳибкор ба қарори Аврупо маълум нест.

Бастаи 20-уми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо бахше аз сиёсати васеи фишор ба Русия барои ҷангаш дар хоки Украина мебошад.

Дар ҳамин қарораш Иттиҳоди Аврупо се бонки Тоҷикистонро, ки давоми ним соли охир барои кӯмаки ғайримустақимашон ба ҷанги Русия дар Украина таҳти таҳрим қарор дода буд, аз феҳрасти "сиёҳ" берун кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бонкҳои Тоҷикистон аз феҳристи таҳримҳои Аврупо берун шудандИМА гуфт, киштии ҳабсшудаи эронӣ маводи корбасти дугона дошт "Дороӣ, даромад ва амонатгузорӣ кам шуд". Таъсири таҳрим ба бонкҳои ТоҷикистонАз бастани дороӣ то манъи сафар. Талаби таҳрим ба зидди мансабдорони тоҷик