Муколамаи Душанбе. Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон чӣ хост? 

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо аз идомаи маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, барои блогерону рӯзноманигорони мустақил, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон шароити муносиб фароҳам оварад.

Ин даъват дар муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон садо додааст. Ҳамоиш рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе гузашт.

Бино ба баёнияи Иттиҳоди Аврупо, ин ниҳоди иборат аз 27 кишвар аз Тоҷикистон озодии фаврӣ ва бечунучарои як гурӯҳ аз зиндониёнро низ дархост кардааст. Дар эъломия аз касе ном нагирифтаанд.

Тоҷикистон солҳои охир барои боздошту ҳабси мухолифону мунтақидони ҳукумат ба шиддат танқид мешавад. Дар чаҳор соли охир даҳ рӯзноманигору блогери тоҷик дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, то кунун се тани онҳо бар асоси қонуни афв озод гаштаанд.

Ба ҳамин монанд, чанд вакили мудофеи мустақил, ба мисли Бузургмеҳр Ёров, Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромуз Иргашев низ зиндонӣ ҳастанд. Ҳарчанд мақомот ин афродро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё ифротгароӣ гунаҳкор кардаанд, худашон ва созмонҳои байнулмилалӣ ин парвандаҳоро дорои ангезаи сиёсӣ меноманд.

Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Ева Палатова, мудири бахши Осиёи Марказӣ дар Хадамоти хориҷии ин ниҳод ва ҳайати Тоҷикистонро Фирӯз Орзузода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент раҳбарӣ кардаанд.

Рӯшан нест, ки намояндагони Тоҷикистон дар муколамаи Душанбе чӣ гуфта ва чӣ далел пеш овардаанд. Вазорати адлия танҳо дар хабарномае гуфтааст, "ҷонибҳо дар бораи ҳуқуқи башар, пешгирии шиканҷа, демократия, дастрасӣ ба адолат, баробарии гендерӣ ва ҳамкориҳои оянда суҳбат карданд."

Намояндагони Тоҷикистон дар муколама бо Иттиҳоди Аврупо

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Иттиҳоди Аврупо аз пазироии Путин дар Тоҷикистон изҳори таассуф кард

Иттиҳоди Аврупо дар баёнияи худ гуфтааст, ҳамкориро бо Тоҷикистон дар самти ислоҳот дар мавриди ҳуқуқи инсон, демократия, волоияти қонун ва озодиҳои бунёдӣ идома хоҳад дод. "Иттиҳоди Аврупо мақомоти Тоҷикистонро ташвиқ намуд, ки ислоҳоти ҷиддӣ дар ин самт идома ёбанд ва қонунгузорӣ ва амалкард бо уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон комилан мутобиқ бошанд," – таъкид шудааст дар эъломия.

Дар айни замон Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, баъзе пешрафтҳои мусбатро дар Тоҷикистон сабт кардааст. Аз ҷумла, “талошҳо дар самти баробарӣ ва ҳуқуқи занон, ислоҳоти низоми зиндонҳо ва тасвиби Конвенсияи Созмони Милал дар мавриди ҳуқуқи камшуморон (маълулон)”.

Иттиҳоди Аврупо пешрафтро дар мавриди ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва демократия барои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин таҳкими муносибатҳои ду тараф муҳим донистааст.

Даври ояндаи муколама соли 2027 дар Брюссел баргузор хоҳад шуд.

Иттиҳоди Аврупо дар бештар аз 35 сол дар доираи тарҳҳои гуногун ба Тоҷикистон дастикам як миллиарду дусад миллион евро кумак кардааст. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи мақомоти Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон аз барномаҳои минтақаӣ ва сармоягузориҳо, аз ҷумла ташаббусҳое, ки тавассути барномаи Global Gateway сарморягузорӣ мешаванд, низ баҳра мегирад.