"Истиқлол" дар мусобиқоти лигаи олӣ ба ҷойи аввал баромад

Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ду бозии мавқуфмондаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 9:0 ва “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот пешсаф шуд.

Ҳарду бозии мавқуфмондаи мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 30-юми ноябр ва 4-уми декабр доир гардид.

Дар бозии даври 14-уми мусобиқот «Истиқлол» тими «Ҳосилот»-ро бо ҳисоби бузурги 9:0 шикаст дод. Дар ин бозӣ Рустам Соиров се гол зада, «хет-трик» кард. Пол Камолафе ду гол, Ризо Деҳқонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов ва Шаҳром Сулаймонов якголӣ ба самар расонданд.

Дар бозии даври 18-уми мусобиқот «Истиқлол» тими «Ҳулбук»-ро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард. Дар ин дидор Пол Камолафе ва Рустам Соиров дуголӣ, Манучеҳр Ҷалилов як гол заданд. Голи ягонаи “Ҳулбук”-ро Шавкати Ҳотам ба дарвозаи “Истиқлол” ворид намуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ “Истиқлол” бо 46 имтиёз аз 20 бозӣ дар ҷойи аввал аст. “Вахш” бо 44 имтиёз аз 21 бозӣ мақоми дуюмро касб кардааст.

Дар ду бозии мавқуфмонда “Истиқлол” дар меҳмонӣ 8-уми декабр бо “Вахш” ва 12-уми декабр бо “Истаравшан” рақобат мекунад. Барои “Истиқлол” дар бозӣ муқобили “Вахш” як имтиёз кофист, ки барандаи медалҳои тило шавад.

КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе, ки 37 имтиёз гирифт, ҷойи сеюмро касб намуда, медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025-ро ба даст овард.

«Ҳулбук»-и Восеъ, ки бо 13 имтиёз дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи якум, барои боқӣ мондан дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

«Панҷшер», ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти имсола зинаи охиринро ишғол кард, лигаи олиро тарк намуд. Ба ҷойи “Панҷшер” соли оянда дар мусобиқоти лигаи олӣ тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар лигаи якум ғолиб шуд, иштирок хоҳад кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025

Лигаи олӣ

Даври 14-ум

“Ҳосилот” – “Истиқлол” – 0:9

Голҳо: Ризо Деҳқонӣ, 5 (0:1). Муҳаммадҷон Раҳимов, 40 (0:2). Пол Камолафе, 51 (0:3). Пол Камолафе, 55 (0:4). Рустам Соиров, 60 (0:5). Манучеҳр Ҷалилов, 67 (0:6). Рустам Соиров, 73 (0:7). Шаҳром Сулаймонов, 75 (0:8). Рустам Соиров, 87 (0:9).

30-юми ноябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 18-ум

“Ҳулбук” – “Истиқлол” – 1:5

Голҳо: Пол Камолафе, 4 (0:1). Пол Камолафе, 6 (0:2). Рустам Соиров - аз пеналти, 19 (0:3). Манучеҳр Ҷалилов - аз пеналти, 27 (0:4). Шавкати Ҳотам, 45+1 (1:4). Рустам Соиров, 50 (1:5).

4-уми декабр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Б Т И

1. “Истиқлол” 20 53-16 46

2. “Вахш” 21 32-17 44

3. КМВА 22 38-23 37

4. “Равшан” 22 26-20 35

5. “Хуҷанд” 22 24-25 31

6. “Эсхата” 22 31-30 30

7. “Регар-ТадАЗ” 22 25-24 30

8. “Барқчӣ” 22 22-20 27

9. “Ҳосилот” 22 27-28 34

10. “Истаравшан” 21 22-38 19

11. “Ҳулбук” 22 15-39 13

12. “Панҷшер” 22 16-41 12

Бозиҳои боқимонда:

Даври 19-ум

8-уми декабр (душанбе)

“Вахш” – “Истиқлол”

Даври 21-ум

12-уми декабр (ҷумъа)

“Истаравшан” – “Истиқлол”