Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле, ки сокинони Тоҷикистон аз якбора боло рафтан ва камчин шудани семент дар кишвар шикоят доранд, мақомот аз зиёд шудани истеҳсоли ин навъ маҳсулот хабар доданд.

Тибқи иттилои Оҷонсии омор, дар се моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 546 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 дарсад бештар аст.

Дар ду ҳафтаи ахир нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафт. Сокинон мегӯянд, ҳар халта семент аз 56 сомонӣ то 90-110 сомонӣ гарон шуд. Мақомот сабаби боло рафтани нархи сементро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор аз зиёд шудани истеҳсоли дигар намуд маҳсулоти сохтмонӣ хабар шудааст. Ба иттилои ин манбаъ, дар се моҳ истеҳсоли хишт қариб 1,8, бетон 29 ва арматура, 9,7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мақомот зиёд шудани истеҳсоли ин навъ маҳсулотро нишони рушди сохтмон дар кишвар мегӯянд. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди зиёд шудани сохтмонҳо, нархи хона ҳам ба таври чашмрас боло рафтааст.