Исроил мегӯяд, Нетаняҳу ва Трамп ба зудӣ мулоқот мекунанд

Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, эълон кард, ки ӯ рӯзи 3 июл бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтугӯ кардааст ва ду тараф тавофуқ кардаанд, ки ба зудӣ дар Вашингтон дидор кунанд.

Ин тамос дар пайи нашри гузоришҳое дар бораи таниш байни онҳо бар сари талошҳо барои поён додан ба ҷанг сурат гирифт. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ва Исроил дар ҷараёни ҷанги 40-рӯза ба таври муштарак ба Эрон ҳамла карданд.

Дар баёнияи дафтари Нетаняҳу омадааст, "нахуствазир дар ин гуфтугӯ гуфт, ки ИМА тазминкунандаи озодӣ дар ҷаҳон аст ва Исроил аз робитаҳои наздик миёни ду кишвар бисёр қадрдонӣ мекунад".

Дар идомаи ин баёния омадааст, "нахуствазир Нетаняҳу ва раисҷумҳур Трапм тавофуқ карданд, ки ба зудӣ дар ИМА дидор кунанд".

Амрико муттаҳиди наздики Исроил ба шумор меравад, аммо Трамп дар ҳафтаҳои ахир дар пайи идомаи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Лубнон, ки оташбаси ИМА ва Эронро ба хатар андохта буд, чанд бор аз Нетаняҳу интиқод кард.