Ҳукумати Исроил пешниҳоди вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар бораи эътирофи наслкушии арманиҳо дар замони Хилофати Усмониҳоро тасдиқ кард.
Ин аввалин бор аст, ки давлати Исроил расман наслкушии арманиҳоро эътироф мекунад.
Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, тасмим бо назардошти "вазифаи ахлоқӣ ва таърихӣ" гирифта шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Туркия ин тасмими Исроилро сиёсӣ хонд.
Наслкушии арманиҳо ба ҳодисае мегӯянд, ки моҳи апрели соли 1915 ва дар солҳои ахири мавҷудияти Салтанати Усмониҳо рух дод.
Таърихшиносон менависанд, туркони усмонӣ 1,5 миллион арманиҳоро кушта ва ё ихроҷ карданд. Ин ҳодиса дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ рух дод.
Бисёр таърихнигорон ва бархе кишварҳои ҷудогона ҳодисаҳои солҳои 1915-умро ҳамчун наслкушӣ эътироф кардаанд. Туркия ҳамеша бо ин арзёбиҳо мухолифат карда, иддао кардааст, ки кушторҳо натиҷаи ҷангу ихтилофҳо буд ва ҳеҷ гоҳ наметавонад ба унвони як нақшаи ҳукумати Усмониҳо барои аз байн бурдани арманиҳо арзёбӣ шавад. Туркия инчунин иддао кардааст, ки дар ин ҳодисаҳо шумори ками арманиҳо кушта шудаанд.
Наслкушии арманиҳоро беш аз 30 кишвар, аз ҷумла ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Русия ва Аргентина эътироф кардаанд.