Исроил консулгарии Бритониёро дар Байтулмуқаддас мебандад

Шаҳри Байтулмуқаддас. Акс аз бойгонӣ.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як мақоми исроилӣ гузориш дод, ки ин кишвар ба консулгарии Бритониё дар Байтулмуқаддас иттилоъ додааст, ки бояд тайи 30 рӯзи оянда баста шавад ва дипломатҳои бритониёӣ дар ин ниҳоди дипломатӣ эътиборномаи худро аз даст медиҳанд.

Ҳамчунин Исроил ба намояндагони Бритониё дар Ҳайати сулҳи Ғазза ба раҳбарии ИМА ва дипломатҳои бритониёии ҳозир дар Ромуллоҳ дастур додааст, давоми ҳафт рӯз онҷоро тарк кунанд.

Бритониё рӯзи 8 август бо интиқод аз афзоиши хушунати шаҳракнишинҳои яҳудӣ дар Каронаи Бохтарӣ, аз манъи тиҷорати колоҳои тавлидшуда дар ин шаҳракҳо хабар дод ва эълон кард, ин иқдом бо ҳамоҳангии Фаронса ва Канада анҷом мешавад.

Ҳамзамон бо Бритониё, Фаронса ва Канада эълон карданд, ки воридоти коло аз шаҳракҳои исроилиро мамнуъ хоҳанд кард.

Вазири корҳои хориҷии Бритониё дар як суханронӣ дар порлумони ин кишвар бо интиқод аз хушунати шаҳракнишинҳо, аз ончӣ "поксозии қавмӣ" тавассути онҳо номид, интиқод кард.

Рӯзи 8 август, 12 кишвар, аз ҷумла, Бритониё, Дания, Финландия, Исландия, Ирландия, Норвегия, Лаҳистон, Португалия, Испания ва Шведсия эълон карданд, ки дар пайи афзоиши ҳамлаҳои шаҳракнишинони яҳудинишин ба деҳаҳои фаластинӣ, таҳримҳоеро алайҳи тиҷорат бо ин шаҳракҳо дар Каронаи Бохтарӣ ҷорӣ хоҳанд кард.

Фаронса ва Шведсия низ, ки аз иқдоми Бритониё ҳимоят кардаанд, дар Байтулмуқаддас консулгариҳо доранд, ки назди Ташкилоти худгардони Фаластин ба расмият шинохта шудаанд.