Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 28-уми июл гуфт, Туркия ҳамон тавр ки дар гузашта вориди даргириҳо дар Либия ва Қаробоғи Кӯҳӣ шудааст, бо нияти ҷанг вориди Исроил низ хоҳад шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Исроил рӯзи 29-уми июл гуфт, "бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои Эрдуғон, вазир Исроил Катс ба тамоми дипломатҳо дастур додааст, ки ҳарчӣ зуд бо аъзои Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО суҳбат кунанд ва хостори маҳкумияти Туркия ва ихроҷи он аз ин эътилоф шаванд."
Эрдуғон мунтақиди сарсахти ҷанги Исроил алайҳи гурӯҳи ифротии "Ҳамос" дар Ғазза аст. Вай рӯзи 28-уми июл дар суханроние гуфт: "Мо бояд он қадар нерӯманд бошем, то Исроил натавонад ин мазҳакаро бо Фаластин раво бинад. Ҳамон тавре ки вориди Қарабоғ шудем, ҳамон тавр ки вориди Либия шудем, метавонем кори ба ин монандро бо онҳо анҷом диҳем."
Раиси ҷумҳури Туркия шарҳ надод, ки мақсудаш чӣ навъ мудохилае ҳаст.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Исроил Катс ӯро ба Саддом Ҳусейн, раҳбари пешини Ироқ, муқоиса кард, ки ҳукуматаш 21 сол пеш дар ҳамлаи нерӯҳои эътилофи зери раҳбарии Амрико сарнагун ва худи ӯ баъдан дастгир, муҳокима ва қатл шуд.
Катс дар шабакаи "Х" (Твиттер) навишт: "Эрдуғон роҳи Саддом Ҳусейнро дар пеш гирифта, таҳдиди ҳамла ба Исроил мекунад. Вай танҳо бояд ба ёд оварад, ки дар Ироқ чӣ рух дод ва сарнавишти Саддом чӣ гуна ба поён расид."
Вазири Исроил гуфт: "Туркия, ки аз "Ҳамос", масъули ҳамлаҳои террористӣ ба Исроил, мизбонӣ мекунад, дар канори "Ҳамос", "Ҳизбуллоҳ" ва ҳусиҳои Яман ба меҳвари шарорати Эрон табдил шудааст."
Муносибати байни Исроил ва Туркия, ки замоне ҳампаймонҳои наздики минтақаӣ буданд, беш аз як даҳа боз ба душворӣ печидааст. Туркия эълом кард, ки то поёни ҷанг дар Ғазза ва вуруди бемонеаи кумакҳои башардӯстона ба онҷо додугирифтро бо Исроил боз хоҳад дошт.