Вазири дифои Исроил рӯзи 17-уми март иддао кард, ки раҳбари Шӯрои амнияти миллии Эрон Алии Лориҷонӣ дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар Теҳрон кушта шудааст. Исроил Катс барои тасдиқи ин иддао ягон далел наовард.
Мақомоти эронӣ зоҳиран кӯшиш кардаанд, ин изҳоротро рад кунанд. Онҳо дастнависеро, ки гуфта мешавад Алии Лориҷонӣ рӯзи 17-уми март навиштааст, нашр карданд. Акси ин дастнавис дар саҳифаи Лориҷонӣ дар шабакаи "X" ҳам гузошта шудааст.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи сешанбе кушта шудани Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эронро "бахше аз талошҳо барои фурсат додан ба эрониён ҷиҳати канор задани раҳбаронашон" номид.
Ӯ дар баёнияи телевизионӣ гуфт, “субҳи имрӯз Алии Лориҷониро ҳазф кардем, раиси Сипоҳи посдоронро, ки дар амал Эронро идора мекунад.”
“Сарнагунии ҳукумати рӯҳониён якбора рух нахоҳад дод ва осон нахоҳад буд. Аммо агар мо ба ин роҳ идома диҳем, ба эрониён фурсат хоҳем дод, ки сарнавишти худро ба даст гиранд,” – афзуд Нетаняҳу.
Хабарҳо дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ дар ҳоле пахш мешаванд, ки Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) дар эъломияе гуфт, рӯзи 16-уми март дар мавҷи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Теҳрон фармондеҳи "Басиҷ"-и Сипоҳи посдорон Ғуломризо Сулаймонӣ кушта шуд.
Дар ин баёния омадааст, "нерӯҳои дифои Исроил Ғуломризо Сулаймониро, ки шаш соли охир фармондеҳи воҳиди "Басиҷ" буд, аз байн бурданд."
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ то кунун ин гузоришро тасдиқ ё рад накардаанд.
Аз ҳамлаи якҷояи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба Эрон тақрибан се ҳафта мегузарад.
Артиши Исроил гуфт, дар мавҷи нави ҳамлаҳо ба шаҳри Теҳрон зербунёдҳои “режими Эрон”-ро ҳадаф қарор додааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, мавзеъҳое низ зада шудаанд, ки ба гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ" рабт доранд. Иёлоти Муттаҳида ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад.
Дар ҳамин ҳол, Эрон ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии худро ба ҳадафҳо дар саросари Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил идома медиҳад. "Камаш як паҳпод" ба дохили сафорати Амрико дар Бағдод афтодааст. Дар Давҳа низ аз таркишҳо хабар дода шуд ва Қатар гуфт, як ҳамлаи мушакиро раҳгирӣ кард.
Гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз, ки тақрибан панҷяки нафти ҷаҳон аз тариқи он мегузарад, бинобар ҳамлаҳо ба киштиҳо баста мемонад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои бозкушоии тангии Ҳурмуз кумак кунанд. Ҳадаф қарор гирифтани кишварҳои тавлидкунандаи нафту газ дар Халиҷи Форс аз сӯи Эрон боис шудааст, ки нархи сӯзишворӣ дар бисёре аз кишварҳо ба таври назаррас боло равад.