Исроил ба қисман берун бурдани неруҳояш аз Лубнон розӣ шуд

Исроил ва Лубнон бо миёнаравии ИМА дар Вашингтон чорчӯбаи созишнома дар бораи оташбас ва роҳҳои дастёбӣ ба сулҳро имзо карданд, хабар медиҳад Reuters. Ҷузъиёти созиши ду кишвар ошкор нашудааст.

Ба илова, санад дар бораи қисман берун бурдани неруҳои Исроил аз ҷануби Лубнон низ ба имзо расидааст, менависад The Times of Israel.

Баъди ба имзо расидани созишнома сафири Лубнон дар ИМА Нада Ҳамадӣ Моавад ин рӯйдодро “қадами нахустин дар роҳи барқарорсозии истиқлол ва тамомияти арзии Лубнон, таъмини қатъи комили амалиёти ҷангӣ, имкони баргардонии мардуми мо ба сарзамини худ” номид.

Сафири Исроил дар ИМА Йехиэл Лейтер илова кард, ки аз созишномаи сеҷониба “Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-ро хориҷ кардаанд”.

Неруҳои Артиши Исроил танҳо аз ду минтақае берун карда мешаванд, ки Исроил моҳи апрели имсол дар ҷануби Лубнон ишғол карда буд, менависад The Times of Israel бо такя ба як мақомдори Исроил.

Гуфтугӯҳо миёни намояндагони Лубнон ва Исроил бо миёнаравии ИМА аз моҳи апрел идома доранд. Ҷонибҳо чанд маротиба дар бораи оташбас ба созиш расиданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ҳизбуллоҳ" аз даргирӣ бо Исроил хабар додҲушдори Исроил ба сокинони 20 шаҳру деҳа дар ҷануби ЛубнонИдомаи даргирӣ миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и ЛубнонҲамлаи густурдаи Исроил ба ҷануби Лубнон