Исроил аз "зарба" ба сомонаҳои дифоии Эрон хабар дод

Ҷануби Лубнон пас аз ҳамлаҳои Исроил, 7-уми июни соли 2026

Артиши Исроил субҳи 8-уми июн хабар дод, ки ин кишвар ҳадафи ҳамлаи мушакии Эрон қарор гирифтааст.

Эфи Дефрин, сухангӯйи артиши Исроил, гуфт, "чанде пеш режими террористии Эрон ба самти давлати Исроил мушак андохт. Мо ба ҳимоят аз он омодаем. Нерӯи дифоии Исроил ба ҳифзи кишвар омодагиии қавӣ гирифта, ҳозир аст, ҳамлаи ҷавобӣ роҳандозӣ кунад."

Артиши Исроил ба мардуми ин кишвар дастур дод, ки дар паноҳгоҳҳо ҷойгир шуда, мунтазири дастурҳои баъдӣ бошанд.

Ба қавли низомиёни Исроил, тамоми мушакҳои эронӣ хунсо шудаанд, вале хадамоти вазъияти фавқулодаи Исроил наворе пахш намуда, гузориш додааст, ки боқимондаи мушакҳои хунсошудаи эронӣ ба як хона дар маҳаллаи яҳудинишини соҳили ғарбии рӯди Урдун исобат намудааст.

Хабарнигори "Рейтерс" мустақилона макон ва замони ин наворро ташхис накардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эрон ҳамла кард ва Исроил ҷавоб дод

Дар пайи ҳамлаҳо президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ӯ дар суҳбат бо сарвазири Исроил аз Бенямин Нетаняҳу хостааст, ки Исроил ба ҳамлаҳои эронӣ ҷавоб надиҳад.

Дар ҳамин ҳол, низомиёни Исроил тасдиқ мекунанд, ки субҳи душанбе нерӯҳои ҳавоии ин кишвар минтақаҳои ғарбӣ ва марказии Эронро ба таври густурда оташборон кардаанд.

Артиши исроил дар шабакаи "Х" навиштааст, ки "ахиран пойгоҳҳои дифоӣ дар саросари Эрон барқарор карда шуданд, то имконоти барҳамзадашудаи режими Эрон эҳё гарданд. Зарбаи мо боиси маҳви ин пойгоҳҳо гардид."

Ба нақли телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломӣ, таркишҳо дар Теҳрону Караҷ, Табрез ва Исфаҳон сабт шуд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мегӯяд, мушакборони Исроил ҳушдор аст, ки давлати яҳудӣ бояд ҳамлаҳоро ба ҷануби Лубнон бас кунад. Эрон борҳо таъкид кардааст, ки созишаш бо Амрико ба ҳифзи оташбас дар Лубнон иртиботи ҷиддӣ дорад. Дар моҳи март Исроил ба хоки Лубнон убур намуд.

Артиши Исроил иброз доштааст, то замоне ки "Ҳизбуллоҳ" шимоли Исроилро оташборон мекунад, амалиёти Исроил дар саросари Лубнон идома хоҳад кард.

"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.

Амалиёти Амрикову Исроил дар Эрон 28-уми феврали имсол оғоз ёфта буд. 7-уми апрел ҷонибҳои даргир оташбас эълон намуданд. Ҳафтаи гузашта ҳам чанд ҳамлаи пароканда миёни низомиёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ҷой дошт.