Тими миллии Испания бо шикаст додани дастаи мунтахаби Белгия ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика - ҷараён дорад, роҳ ёфт.
Бозии дувуми 1/4-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Испания ва Белгия, ки шаби 11-уми июл дар варзишгоҳи «Соу-Фай» (Инглвуд, ИМА) доир гардид, бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.
Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм нимҳимоятгари мунтахаби Испания Фабиан Руис боз кард. Дар дақиқаи 41-ум ҳамлагари мунтахаби Белгия Шарл Де Кетеларе ҳисобро баробар намуд.
Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 71-ум, дарвозабони белгиягиҳо Тибо Куртуа бо сабаби осеб дидан бо Сенне Ламменс иваз карда шуд. Нимҳимоятгар Микел Мерино пас аз иштибоҳи Ламменс дар дақиқаи 88-ум испаниҳоро ба пеш баровард – 2:1.
Дар нимфинали қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 мунтахаби Испания бо тими миллии Фаронса 14-уми июл рақобат мекунад. Мунтахаби Белгия бошад, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Ёдовар мешавем, бозии аввали 1/4-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Фаронса ва Марокаш, ки шаби 10-уми июл дар варзишгоҳи «Ҷиллетт» дар Фоксборо (иёлати Массачусетс, ИМА) доир гардида буд, бо пирӯзии фаронсавиҳо бо ҳисоби 2:0 ба охир расид.
Дар дақиқаи 28-ум ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе тӯбро аз пеналти ба нишон расонида натавонист. Аммо капитан ё сарвони фаронсавиҳо дар дақиқаи 60-ум ҳисобро кушод. Пас аз шаш дақиқа ҳамлагар Усмон Дембеле тӯби ба вай ҳавододаи Мбапперо ба дарвоза ворид намуда, ҳисобро дучанд кард.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Фаронса аввлин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ пайдо намуд, вале тими миллии Марокаш мусобиқаро тарк кард.
Бояд зикр намуд, мунтахаби Фаронса бори севум пайиҳам дар нимфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол бозӣ хоҳад кард, ки ба ин натиҷа аз соли 2014-ум ягон мунтахаби дигар мушарраф нашудааст.
Дар 1/4 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 боз ду бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Норвегия – Англия ва Аргентина - Швейтсария баргузор мешавад.
Бозии ниҳоӣ шаби 20-уми июл соати 00:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.
1/4 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):
12-уми июл (якшанбе)
02:00 - Норвегия – Англия (Майами, ИМА)
06:00 - Аргентина – Швейтсария (Канзас-Сити, ИМА)
1/2 финал
15-уми июл (чоршанбе)
00:00 - Фаронса – Испания
16-уми июл (панҷшанбе)
00:00 - Норвегия/Англия – Аргентина/Швейтсария
19-уми июл (якшанбе)
02:00 - Бозӣ барои ҷойи 3-юм
20-уми июл (душанбе)
00:00 - ФИНАЛ
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) ва Лионел Месси (Аргентина) бо 8-голӣ пешқадаманд. Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо 7 гол дар ҷойгоҳи севум аст. Ҳарри Кейн (Англия) бо 6 гол дар зинаи чаҳорум қарор дорад.
Ба панҷгонаи нишонзанҳои беҳтарин, инчунин Усмон Дембеле (Фаронса) бо 5 гол шомил аст.