Испания ба финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт

Тими миллии Испания бо шикаст додани мунтахаби Фаронса ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика - ҷараён дорад, роҳ пайдо кард.

Бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Фаронса ва Испания, ки шаби 15-уми июл дар варзишгоҳи «Эй-Ти-энд-Ти» (Арлингтон, ИМА) доир гардид, бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Сардовари ин бозӣ Иван Бартон аз Санта-Ана, Салвадор буд.

Дар дақиқаи 22-юм ҳамлагар Микел Оярсабал тӯбро аз пеналти ба дарвоза ворид намуда, мунтахаби Испанияро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 58-ум ҳимоятгар Педро Порро голи дувуми испаниҳоро ба самар расонд.

Бозии дувуми ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Англия ва Аргентина шаби 16-уми июл соати 00:00 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.

Ҳамин тариқ, дар финали қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 мунтахаби Испания зери раҳбарии Луис де ла Фуэнте бо ғолиби ҷуфти бозии дувуми ниманиҳоӣ байни мунтахабҳои Англия - Аргентина рақобат мекунад. Мунтахаби Фаронса бошад бо роҳбарии Дидйе Дешам барои ҷойи севум бо тими мағлубшудаи ҷуфти Англия/Аргентина мубориза мебарад.

Ба ин тартиб, аз 104 бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 яксаду яктоаш анҷом пазируфт. То поёни мусобиқа се бозии ҳалкунанда боқӣ мондааст.

Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 шаби 20-уми июл соати 00:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.

1/2 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):

15-уми июл (чоршанбе)

Фаронса – Испания – 0:2

16-уми июл (панҷшанбе)

00:00 - Англия – Аргентина

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

19-уми июл (якшанбе)

02:00 – Фаронса – тими мағлубшудаи ҷуфти Англия/Аргентина

ФИНАЛ

20-уми июл (душанбе)

00:00 – Испания - ғолиби ҷуфти Англия/Аргентина

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) ва Лионел Месси (Аргентина) бо 8-голӣ пешқадаманд. Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо 7 гол дар ҷойгоҳи севум аст. Ҳарри Кейн (Англия) ва Ҷуд Беллингем (Англия) бо 6-голӣ дар зинаҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд.