Интиқоли сӯзишворӣ аз Русия ба Амрико шуруъ шудааст

Созиши Доналд Трамп (рост) ва Владимир Путин (чап) дар бораи содироти сӯзишвории дизелии Русия ба Амрико дар аввали моҳи октябр ошкор шуд

Нахустини киштии ҳомили сӯзишворӣ аз Русия ба сӯйи Амрико ҳаракат кардааст.

Нашрияи "Важние истории" навишт, интизор меравад, киштӣ бо тақрибан 36 ҳазор тонна дизел рӯзи 7-уми ноябр ба Иёлоти Муттаҳида бирасад.

Рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки нафткашро як ширкати мутааллиқ ба миллиардери юнонӣ, Танасис Мартинос, идора мекунад.

Дар аввали моҳи октябр маълум шуд, ки раҳбарони Амрико ва Русия дар бораи содироти сӯзишвории дизелии Русия ба Иёлоти Муттаҳида ва бозорҳои ҷаҳонӣ ба созиш расидаанд.

Ба гуфтаи президент Доналд Трамп, Русия аввал 300 ҳазор тонна сӯзишворӣ содир карда, сипас дар моҳи ноябр 500 ҳазор тонна ва баъдан як миллион тоннаи дигарро ба бозор хоҳад баровард.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ин тасмими Амрикоро танқид кард.

Ӯ гуфт, коҳиши фишори таҳримҳо ба Русия имкон медиҳад, ки ба ҷанг идома диҳад.