Интиқоди президент аз камчин шудани семент дар Тоҷикистон

Emomali Rahmon

Президенти Тоҷикистон аз коҳиши ҷиддии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

Зоҳиран, қисмати муҳими ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 28 май таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, ба мушкилот дар соҳаи истеҳсоли семент – маҳсулоти муҳими соҳаи бинокорӣ ихтисос ёфт.

Бино ба хабари сомонаи президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа, “аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар” танқид шудааст. Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон аз кор монда, фаъолияти миёнаравҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.

Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои давлатии масъул супориш шудааст, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди санҷиш қарор бидиҳанд ва аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи ин маҳсулот пешгирӣ шавад.

Ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон, ба навиштаи ин хабар, аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст ва мушкилоти “сунъии эҷодшуда дар бозор” метавонад рушди соҳаро халалдор кунад, гуфтааст президент.

Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар гузорише аз якбора боло рафтани нархи семент дар моҳи маи имсол иттилои муфассале нашр кард. Дар бозори сохтмон агар моҳҳои март-апрел як халта сементро вобаста ба навъу сифаташ аз 45 сомонӣ боло мефурӯхтанд, ҳоло он то 70 сомонӣ боло рафтааст.

Истеҳсоли семент, ки як маҳсулоти муҳими сохтмонӣ аст, дар ихтиёри ширкату гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат аст ва кори ин корхонаҳо дар вобастагии наздик бо таъминкунандагони чинӣ ба роҳ монда шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Аввал камчин шуд, баъд нарх боло рафт". Сабаби гаронии семент дар Тоҷикистон чист? "Ҳавои Душанбе бисёр ифлос аст". Тоҷикистон дар сегонаи кишварҳои олудатарини ҷаҳонЧаро Узбекистону Афғонистон сементи Тоҷикистонро кам харидаанд?Монеа ҳаст ё не? Посухи мансабдори тоҷик ба шикояти соҳибкорон аз УзбекистонТоҷикистон дар 9 моҳ беш аз 3,7 млн тонна семент истеҳсол кардааст