Интихоботи порлумонии Маҷористон. Орбан дар хатар аст

Мардуми Маҷористон (Венгрия) рӯзи якшанбе, 12 апрел барои раъй додан дар интихоботи порлумонӣ, ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафтанд. Ин интихобот метавонад ба ҳукумати 16-солаи нахуствазири ин кишвар Виктор Орбан поён диҳад.

Орбан ки 16 сол аст қудратро дар ин кишвари аврупоӣ дар даст дорад ва худро "хор"-е дар чашми Иттиҳоди Аврупо медонад, ин бор бо Петр Мадяр, номзади муҳофизакор, аммо тарафдори Аврупо, рақобат мекунад, ки ба мардуми кишвараш ваъдаи "тағйири низом"-ро додааст.

Дар назарсанҷиҳои чанд моҳи ахир, Мадяр, раҳбари 45-солаи мухолифон, аз Орбан пештоз аст.

Виктор Орбан, ки ҳатто бархе аз раҳбарони Аврупо ӯро "диктатор" хитоб мекунанд ва ҳамеша аз ҳомиёни Владимир Путин дар Иттиҳоди Аврупо будааст, аз пуштибонии Доналд Трамп ҳам бархӯрдор мебошад. Доналд Трамп ҳафтаи гузашта муовини худ Ҷей Ди Венсро барои эълони ҳимоят аз ӯ ба Маҷористон фиристода буд.

Орбани 62-сола, ки худ фаъолияти сиёсиашро аз оппозитсияи Маҷористон оғоз карда, замоне тарафдори демократияи ғарбӣ буд, ташаббускори истилоҳи "демократияи ғайрилибералӣ" аст. Навъе низоми ҳукмронӣ, ки дар он раҳбар пас аз пирӯзӣ дар интихобот рафта-рафта системаи назоратӣ дар кишварро заъиф мекунад ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва фардиро коҳиш медиҳад.

Ҳар ду тарафи рақобатҳои интихоботӣ дар ин кишвари Аврупои Марказӣ дар ҳафтаҳои гузашта иттиҳоми дахолати хориҷӣ дар интихоботи кишвари худро матраҳ карданд.

Дар ҳамин замина, Ҷей Ди Венс, ки барои ҳимоят аз корзори Виктор Орбан ба Будапешт, пойтахти Маҷористон рафта буд, дар як суханронӣ "бюрократҳои Брюссел" -ро (ишора ба Иттиҳоди Аврупо) ба дахолат дар умури Маҷористон муттаҳам кард.

Орбан ки ҳамеша худро аз мухолифони сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупо нишон дода ва муттаҳам аст, ки дар даврони зимомдориаш ба фасоди ҳарчи бештар дар ҳукумат доман задааст, мехоҳад барои панҷумин бор нахуствазири Маҷористон шавад.

Дар муқобил, Петр Мадяр ки аз ҳизби Виктор Орбан ҷудо шуда буд ва ду сол пеш по ба арсаи фаъолиятҳои сиёсӣ дар муқобили ҳизби ҳокими Маҷористон гузошт, ба мардум ваъдаи ислоҳоти иқтисодӣ додааст.

Ӯ дар ду моҳи гузашта бо сафар ба гӯшаву канори Маҷористон аз мардум хостааст, ки "ватанамонро бозпас бигирем" ва ваъда додааст, ки фасодро решакан кунад.

Маҷористон бо 9,5 миллион аҳолӣ дар даврони зимомдории Виктор Орбан ба фақиртарин кишвари аврупоӣ табдил шудааст.

Иттиҳоди Аврупо Орбанро муттаҳам мекунад, ки ба таври систематикӣ мухолифони сиёсиро дар кишвар саркӯб карда, ба қонунмандӣ зарба задааст. Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, "аксари аъзо"-и Иттиҳоди Аврупо аз рафтани Орбан "хушҳол хоҳанд шуд".