Имзои созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Эрон ва ҳукумати Толибон

Дар ҷараёни як нишасти сеҷониба дар шаҳри Машҳад бо ҳузури намояндагони Эрон, Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон, дар мавриди фаъол сохтани як даҳлези сеҷонибаи боркашонии заминӣ миёни се кишвар, созиш ҳосил шудааст.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, "рушди ҳамкориҳои транзитӣ ва тақвияти робитаҳои нақлиётӣ" эълон шудааст. Ин мавзуъро рӯзи 16 июл расонаҳои эронӣ ва низ вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии ҳукумати Толибон дар Афғонистон, гузориш доданд.

Тибқи созиши ба дастомада дар ин нишаст, "заминаҳои лозим барои эҷоди як долони транзитӣ фароҳам хоҳад шуд, ки бар асоси он, колоҳои тиҷории Эрон ва Тоҷикистон аз тариқи хоки Афғонистон ба дигар кишварҳо транзит ва содир хоҳад шуд".

Бар пояи ин созиш, қарор аст, ки як баста ё маҳмулаи борҳои тиҷории Эрон моҳи оянда ба таври озмоишӣ аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Мақомоти Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Эрон гуфтаанд, ки бо фиристодани ин бастаи озмоишӣ, мехоҳанд хароҷот ва мушкилоти роҳро санҷиш кунанд.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, ҳамчунин як гурӯҳӣ кории муштарак ташкил мешавад, то бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, осон сохтани дарёфти раводид барои ронандагон, кам кардани муддати интизорӣ дар марзҳо ва таъсиси суғурта ё бимаи муштаракро аз наздик пайгирӣ кунад.

Ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки дувумин даври гуфтугӯҳои сеҷониба дар Кобул баргузор шавад, то пешнависи санади дарозмуддати ҳамкории муштарак ниҳоӣ ва раванди иҷрои ин тарҳ ба таври ҷиддӣ пайгирӣ шавад.

Мақомоти тоҷик то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд. Аммо хабаргузории давлатии "Ховар" аз сафари ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ба Теҳрон ва мулоқоти ӯ бо Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ, хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин бо масъулини Созмони бандарҳо ва дарёнавардӣ ва низ раиси Роҳи оҳани Эрон мулоқот кардааст.

Ба навиштаи "Ховар", дар ин мулоқотҳо масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми интиқоли мол тавассути масирҳои транзитии ду кишвар ва таъсиси маркази логистикӣ дар бандари Чобаҳор мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир транзити молу коло миёни Тоҷикистону Эрон асосан тариқи роҳҳои заминии кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳам пас аз сардии робитаҳо бо Покистон, дар ҳоли густариши роҳҳои тиҷории дигар аз масирҳои шимолӣ ва ғарбии Афғонистон аст.

Тоҷикистон ва Эрон дар се моҳи аввали имсол 119,6 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад бештар будааст.

Аз Эрон ба Тоҷикистон бештар хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, пиставу чормағз, шакар ва масолеҳи сохтмониву маводи шустушӯ меоранд. Аз Тоҷикистон ба Эрон нахи пахта ва алюминийи коркарднашуда мебаранд.