Имзои фармони нав дар бораи даъват ба артиш дар Русия

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 29-уми декабр фармонеро имзо гузошт, ки маъракаи даъват ба артишро дар ин кишвар тамоми сол иҷоза медиҳад.

Мақомоти Русия нақша доранд, аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2026-ум 261 ҳазор ҷавони аз ҳаждаҳ то сисоларо ба хидмати сарбозӣ баранд.

Дар даъвати тирамоҳии имсола 135 ҳазор кас дар Русия ба хидмат ҷалб шудаанд. Ин омори калонтарин аз соли 2016 аст.

Думаи давлатӣ ё порлумони Русия моҳи октябри имсол дигаргуниро ба қонун дар бораи даъват ба артиш пазируфт. Бар асоси он, кумисюнҳои даъват тамоми сол кор мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия дар ҷанги зидди Украина, ки қариб чор сол боз идома дорад, сарбозони зиёдеро аз даст додааст ва аз ин роҳ мехоҳад мушкилашро ҳал кунад.