Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб дар баёнияе иддаои дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар бораи сафари ӯ ба Иморот дар ҷараёни ҷанги Эронро рад кард.
Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи 13-уми май эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, ба таври "махфиёна" ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар карда буд ва бо Шайх Муҳаммад бин Зоид, раиси ин кишвар ва ҳокими Абу Забӣ дидор доштааст.
Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Иморот, ки рӯзи 13-уми май нашр шуд, омадааст, ки робитаҳои ин кишвар бо Исроил "ошкор" аст ва "бар пояи созишҳои ғайришаффоф ё ғайрирасмӣ бино нашудааст".
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки "ҳар гуна иддао дар бораи сафарҳои эълоннашуда ё созишҳои пинҳонӣ, магар онки ба таври расмӣ тавассути мақомҳои дахлдори Иморот эълон шавад, комилан беасос аст".
Дафтари нахуствазири Исроил гуфт, "ин сафар ба як пешрафти таърихӣ дар робитаҳо миёни Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб сабаб шуд".
Бо ин ҳол, як манбаи огоҳ аз ин мулоқот ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки Нетаняҳу ва Шайх Зоид рӯзи 27-уми май дар шаҳри Ал-Айн, як минтақа дар наздикии марзи Умон "дидор кардаанд ва мулоқоти онҳо чанд соат давом кардааст".
Ин манбаъ ҳамчунин афзудааст, ки раиси МОССАД, Созмони истихбороти Исроил дар ҷараёни ҷанг бо Эрон "дастикам ду бор" ба Иморот сафар карда буд.
Дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил ба Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз ҳама зиёд ҳадафи ҳамлаҳои Эрон қарор гирифт. Дар пайи ин Абу Забӣ робитаҳои худро бо Амрико ва Исроил дар чорчӯби "Тавофуқномаи иброҳимӣ" тақвият кардааст.
Пештар мақомҳои баландпояи амрикоӣ тасдиқ карданд, ки Исроил дар ҷараёни ҷанг бо Эрон, як системаи дифои ҳавоии "Гунбади оҳанин" ба ҳамроҳи нерӯҳо барои истифода аз онро ба Иморот фиристодааст.
Иморот яке аз марказҳои муҳими тиҷорӣ ва молии минтақа ва аз муҳимтарин муттаҳидони Вашингтон ба шумор меравад. Ин кишвар сиёсатҳои хориҷии фаъолеро пайгирӣ мекунад ва дар Ховари Миёна аз нуфузи болое бархӯрдор аст.
Ҳамлаҳои Эрон ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, беш аз дигар ҳамсояҳо ба Иморот равона шуда буд ва зерсохтҳои ғайринизомӣ ва таъсисоти энержии ин кишварро ҳадаф қарор дод.