Пентагон хабар дод, ки Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико рӯзи 1 май дастур додааст, ҳудуди панҷ ҳазор нерӯи низомии ин кишвар давоми як соли оянда аз Олмон берун шаванд.
Ин тасмим дар ҳоле эълон мешавад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ хабар додааст, тарофа ё боҷҳо бар худравҳо ва мошинҳои воридотӣ аз Иттиҳоди Аврупо аз ҳафтаи оянда ба 25 дарсад афзоиш меёбад.
Ӯ Иттиҳоди Аврупоро муттаҳам кард, ки ба созиши тиҷории имзошуда дар тобистони гузашта пойбанд набудааст.
Трамп ҳамчунин бори дигар аз Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон интиқод кард. Интиқод аз Мертс пас аз он оғоз шуд, ки ӯ рӯзи 27 апрел дар як суханронӣ гуфт, ки Эрон дар сари мизи музокирот, Вашингтонро "таҳқир" кардааст.
Мертс дар ин суханронӣ ҳамчунин мақомҳои ҳукумати Трампро муттаҳам кард, ки "бе як стратегияи рӯшан" вориди ҷанг шудаанд.
Трамп дар вокуниш гуфт, Мертс "фикр мекунад, доштани силоҳи ҳастаӣ барои Эрон мушкиле надорад, ӯ намедонад дар бораи чӣ гап мезанад".
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 29 апрел эълон карда буд, ки Вашингтон дар ҳоли "баррасӣ ва арзёбии коҳиши эҳтимолӣ"-и нерӯҳои худ дар Олмон аст ва дар "муддате кутоҳе" тасмими ниҳоиро хоҳанд гирифт.
Шон Парнелл, сухангӯи Пентагон дар баёнияе рӯзи 1 май гуфт, интизор меравад ин хуруҷи нерӯҳо тайи шаш то дувоздаҳ моҳ такмил шавад.
Ӯ афзуд, ин тасмим пас аз "бозбиниии комил ороиши нерӯҳои Вазорати дифоъ дар Аврупо" ва бо дарназар гирифтани шароити майдонӣ рӯи даст гирифта шудааст.