Ихтилоф дар дохили низоми Эрон бар сари тарҳи як қонуни нав

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон.

Парлумони Эрон сари тарҳи қонуни фарогире, ки ҳадафаш ҷлавгирӣ аз "нуфузи" хориҷӣ унвон мешавад, ба ду даста тақсим шудааст.

Ин мавзӯъ танишҳоро дар мавриди он, ки давлат пас аз ҷанг то куҷо бояд тадбирҳои амниятиро сахттар кунад, барҷаста сохт. Ҳатто тарафдорони ин тарҳ, аз ҷумла раиси парлумон Муҳаммадбоқири Қолибоф, ҳушдор додаанд, ки тадбирҳои аз ҳад зиёд метавонанд кишварро дар инзиво бигузоранд.

Парлумони Эрон талош дорад, ки нигарониҳо аз нуфузи хориҷиро ба қонун табдил диҳад. Аммо вақте вакилон рӯи ин тарҳ кор мекунанд, баҳсҳо як саволи душворро барои Ҷумҳурии Исломӣ ба миён меорад, ки давлат бояд дар назорати тамосҳои мардум бо ҷаҳони беруна то куҷо пеш равад?

Дар маркази ин баҳсҳо раиси парлумон Муҳаммадбоқири Қолибоф қарор дорад, ки лоақал дар зоҳир талош мекунад, мувозинатро нигоҳ дорад. Ӯ аз як сӯ тарафдори муборизаи сахттар алайҳи нуфузи хориҷӣ аст, айни замон гуфтааст, ки вакилон ҳангоми таҳияи тарҳи қонун "аз ҳад гузарондаанд".

Қолибоф дар яке аз ҷаласаҳои ахири порлумон гуфт: «Ҳеч меҳанпарасте мухолифи мубориза бо нуфузи хориҷӣ нест.», аммо ба гуфтаи ӯ, вакилон бояд эҳтиёт кунанд, то "ҳуқуқ, зиндагӣ ва тиҷорати" мардум халалдор нашавад.

Ба гуфтаи раиси парлумон, шояд мақомоти амниятӣ ниёз ба санҷиши тамосҳои эрониён бо хориҷиён дошта бошанд, аммо мардум наметавонад дар ҳама марҳила аз онҳо иҷозат талаб кунанд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф гуфт: «Онҳо мегӯянд, ки мехоҳанд мутмаин бошанд ва дар ҳама марҳила аз онҳо иҷозат гирифта шавад. Ин имконнопазир нест, зеро дар он сурат мо бояд дари кишварро тамоман бандем».

Талош барои мувозинат?

Ин талош барои нигоҳ доштани мувозинат асоси тарҳи қонунеро ташкил медиҳад, ки дар оғоз ҳамчун посухи давраи ҷанг ба нокомиҳои воқеии амниятӣ таҳия шуда буд. Ду ҷанги ахир нишон доданд, ки Хадамоти Иктишофии Исроил то куҷо ба дохили Эрон нуфуз кардаанд ва ин амр даъватҳоро барои иқдомоти сахттар ҷиҳати шиносоӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи хориҷӣ ба миён овард.

Аммо он чизе, ки ҳамчун посухи амниятӣ оғоз ёфта буд, акнун ба як муборизаи густардатар сари марзҳои "амнияти давлат" дар Ҷумҳурии Исломӣ табдил ёфтааст. Ин тарҳ, расман «Тарҳи муқобила бо нуфузи хадамоти иктишофӣ ва муассисаҳо ё давлатҳои хориҷӣ» ном дорад, аммо бо номи «Тарҳи муқобила бо нуфуз» маъруф аст. Дар он аз шаҳрвандони Эрон талаб шудааст, ки пеш аз анҷоми доираи васеи фаъолиятҳо иҷозати пешакиро аз Вазорати итилоот ва Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дастрас кунанд.

Ин фаъолиятҳо нашри китоб ё мақолаҳо, ҳамкориҳои академӣ, мусоҳиба бо расонаҳои хориҷии "душман" ва ширкат дар конфронсҳои илмӣ ё ҷашнвораҳои ҳунариро дар бар мегиранд. Тарҳи мазкур ҳамчунин мусоҳиба, муколама ва дигар иртибот бо расонаҳои "душман", инчунин фиристодани акс, видео, садо ё маводи дигарро ба расонаҳои хориҷӣ гуноҳ мешуморад ва барои он то ду соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Парлумон тарҳи умумии қонунро охири моҳи август бо 183 раъйи мувофиқ ва 4 раъйи мухолиф тасвиб кард. Матни тарҳ ҳангоми баррасӣ дар Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ аз 19 ба 33 модда афзоиш ёфт. То кунун танҳо ду моддаи аввали он дар парлумон тасдиқ шуда, моддаҳои боқимонда мавриди бозбинӣ қарор доранд. Ҳатто агар парлумон онҳоро тасвиб кунад ҳам, тарҳи қонун барои ҳукми иҷро гирифтан бояд дар Шӯрои нигаҳбон тасдиқ шавад. Муқовиматҳои сиёсӣ аммо аз ҳоло оғоз ёфтаанд.

Қолибоф ду моддаи муҳимтарини тарҳ, моддаҳои 7 ва 8-ро, ки ба раванди ошкорсозӣ ва ҷаримаҳо барои фаъолияти фаротар аз иҷозаро муайян мекунанд, ба далели печидаву номафҳум буданашон ба кумита баргардондааст.

Қолибоф таъкид кард, ки парлумон бояд нигарониҳои ниҳодҳои амниятиро ба назар гирад ва афзуд, "ниёзҳои" онҳо "дар чаҳорчӯбаи мантиқӣ" бароварда хоҳанд шуд. Аммо ӯ ин пешниҳодро, ки Вазорати итилоот ва созмони иктишофии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бояд қудрати тасдиқи ҳама тамосҳои хориҷии эрониёнро дошта бошанд, рад кард.

Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки Қолибоф дар сӯҳбатҳои хусусӣ ваъда додааст, ки пеши роҳи қабули ин қонунро мегирад ва яке аз вакилон ин иддаоро дар парлумон такрор кард. Муҳаммадбоқири Қолибоф онро рад карда, гуфт, парлумон "як шохаи давлат" нест.

Тарҳе, ки сабаби "марги илмӣ" мешавад

Натиҷаи ин ҳама як рахнаи сиёсист, ки дар байни мухолифатҳои анъанавии муҳофизакорон ва ислоҳталабони Эрон намегунҷад. Баъзе аз вакилон ба ин тарҳ ошкоро мухолифат нишон доданд. Муҳаммадмаҳдӣ Шаҳриёрӣ, аъзои Кумитани амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, ин тарҳро «комилан мухолифи манофеи миллӣ» хонд.

Ӯ гуфт, ки ин матн ба ҷойи ниҳодҳои амниятӣ аз ҷониби вакилони бетаҷриба ва шитобкорона танзим шудааст ва ишора кард, ки худи ҳайати таҳти раҳбарии Қолибоф низ ба ин қонун «сахт мухолиф» аст.

Ҳукумати раиси ҷумҳур Масъуд Пизишкиён низ ошкоро ба зидди тарҳ садо баланд кардааст, Ҳусейн Афшин, муовини раиси ҷумҳур дар масоили илмӣ, технология ва иқтисоди донишбунёд ҳушдор дод, ки тарҳи кунунӣ метавонад ҷомеаи пажӯҳишӣ ва таҳқиқотии Эронро дар инзиво гузорад ва сабаби "марги илмӣ" шавад. Ӯ ба хатари фирори мағзҳо ва монеаҳои иловагӣ барои донишмандони эроние, ки дар хориҷ кору таҳсил мекунанд, ишора кард.

Таҳлилгари муҳофизакор Муҳаммади Муҳоҷирӣ, муҳаррири вебсайти «Хабар Онлайн», айнан ҳамин нуқтаро бо танз дар шабакаи Х навиштааст. Ӯ гуфтааст: «Дуруст дар ҳоле ки давлат талош дорад, эрониёни муқими хориҷро ба ватан баргардонад, парлумон ба элита, донишмандон ва донишҷӯён далелҳои наверо барои тарк кардани кишвар медиҳад.»

Ин баҳсҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ҳам ба худ кашида ва сабаби танқидҳо низ шуд. Рӯзи 3-юми сентябр Ҳайати мустақили ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид, хостори беэътибор кардани ин тарҳ шуд, чун ба гуфтаи ҳайат метавонад озодиҳои бунёдиро бештар маҳдуд карда, эрониёнро аз ҷомеаи байналмилалӣ ҷудо созад.

Майи Сато, гузоришгари махсуси СММ дар умури Эрон гуфт, созмонҳои иктишофии Эрон набояд ба "дарбони тамосҳои мардуми Эрон бо ҷаҳон" табдил ёбанд. Барои маҳофили сиёсии Эрон аммо, мушкили фаврӣ шояд дар дохил бошад.

Ҳамингуна касе дар дохили низоми Эрон хатари нуфузи хориҷиро ҳамчун як таҳдиди воқеии амниятӣ инкор намекунад, аммо баҳси асосӣ бештар сари он аст, ки барои рафъи ин таҳдид чӣ гуна ва то чӣ ҳаде бояд амал кард.